formula
Марди бехона зани дуюм гирифта метавонад?
3346

 

Шавҳарам нияти гирифтани зани дуюмро дорад, вале барои ману фарзандонам оддитарин шароитҳои зиндагиро фароҳам оварда наметавонад. Мо иҷора мешинем. Дар ин ҳол шавҳари ман ҳақ дорад, ки боз як зани дигар бигирад? Умуман, барои зани дуюм гирифтан мард бояд чӣ корҳоро ба анҷом расонад?
Мутрибаи Истаравшанӣ

Посухи Ҷамолиддин Хомушӣ

Дар Тоҷикистон бисёрникоҳӣ аз рӯйи қонун манъ карда шудааст ва ҷиноят ба ҳисоб меравад, аз ҳамин хотир гирифтани зани дуюм ва сеюмро ба мардон маслиҳат намедиҳем. Дар ислом бошад, дузанагӣ, аниқтараш бисёрзанагӣ дар он сурат иҷозат дода мешавад, ки мард тавони молӣ дошта бошад ва адл карда тавонад. Худованд додани нафақа ва таъмини дигар заруратҳои зиндагии занро ба зиммаи мард фарз гардонидааст. Таъмин кардани зану фарзандон бо хурду хӯрок ва маскан барои мард қарз аст. Танҳо дар сурати соҳиби манзил гардонидан ва тамоми шароитҳоро фароҳам овардан мард метавонад зани дуюм бигирад, вале дар ҳамон ҳолат ҳам набояд ба беадолатӣ нисбати яке аз хонумҳояш роҳ диҳад. Зани якумро хору зани дуюму сеюмро эрка кардан мумкин нест, чунки мардон фардои қиёмат барои зану фарзандонашон дар назди парвардигор ҷавоб хоҳанд гуфт. Ба назари ман шавҳари шумо, ки ҳатто аз уҳдаи таъмини як ҳамсар намебаромадааст, набояд зани дуюм гирифта, бори гуноҳи худро вазнинтар насозад. Беҳтараш бо як зан қаноат намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД