arzon replenishment
Марди гулдасте, ки дар чарм мусаввара мекашад (СУРАТ)
1058

Аъзамҷон Додоҷоновро аксарият ҳамчун рассом мешиносанд. Тасвирҳои аҷибе, ки ин марди гулдаст меофарад, натанҳо дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд, балки хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Туркия, Югаславакия ва Тунис низ муштариёни худро дорад. Ин марди ҳунар 48-сол дошта, чи тавр ба ҳунари рассомӣ дил бхтанашро ба мо чунин қисса кард:

 

_21 "Аз даврони кӯдакӣ ман ба тасвири манзараҳои гуногун шавқ доштам. Ин шавқу ҳавас рафта-рафта дар дилам маъво гирифт. Падарам завқамро ба рассомӣ дида, маро ба мактаби рассомии бачагона гузоштанд. Сабақи нахустинро дар боби нозукиҳои ҳунари рассомӣ дар ҳамин даргоҳ омӯхтам, баъдан ҳуҷҷатҳоямро дар Донишгоҳи рассомии шаҳри Саратови Федератсияи Русия супоридам. Пас аз хатми ин донишкада ба Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд дохил шуда, соҳиби се дипломи рассмоӣ гаштам. Ҳамин тавр завқи кӯдакӣ маро рассоми номӣ кард..."

_19

Мусаввираҳои Додоҷонов ҳаводорони зиёде доранд, зеро ин марди ҳунар ҳар як асарашро бо усули ғайри оддӣ-дар чарм тасвир менамояд.

_20
"Мо вақте ба Тунис рафтем, рассомони он ҷо дар рӯйи чарм тасвир мекарданд. Ин бароям бисёр аҷиб тофт ва қарор додам, ки ҳатман бояд асрори ин нвъи тасвирро омӯзам. Аммо дар рӯйи чарм тавсвир кардан нозукиҳои худро дорад, масалан, агар чарм нағз коркард нашавад, бо мурури вақт кашиш хӯрда, тасвири рӯйи он тағйир меёбад"-мегӯяд Аъзамҷон Додоҷонов.

_18

Қаҳрамони мо асарҳояшро дар жанрҳои гуногун тасвир мекунад. Аз ҷумла дар жанрҳои "анималист", "визажист", "манументалист", "партретист", "баталист", "маренист", "пезаж", "кундал", "минятура", "карикатура" ва ғайраҳо. Аъзамҷон Дадаҷонов ҳамчунин бо гаҷкорӣ низ шуғл буда, ҳунари дасти ӯро метавон дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон дарёфт. Дар "Кохи Парфенон" пайкараи "Франтон" ҳамчунин "Афродита" ҳаст, ки бо дастони мӯъҷизаофари ин рассмои тоҷик сохта шудааст.

ййй
"Агар ба касбат хиёнат накунӣ, касбат ба ту ҳеҷ гоҳ хиёнат намекунад"-мегӯяд қаҳрамони мо.
Аъзамҷон Додоҷонов дар баробари рассомию гаҷкорӣ дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ба донишҷӯён нозукиҳои ҳунарро меомӯзонад. Яке аз шогирдони ӯ Бунёдҷон Ашӯров дар боғҳои кишвари Туркия расмҳои гуногунро, вобаста ба фармоиш тасвир менамояд.

 

оо

 

Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД