formula
Марди танфурӯш: 104-сомонӣ барои як шаб
13776

 

Ман дар як идораи бонуфуз кор мекунам. Тамоми ҳамкоронам одамони босавод ва зоҳиран бисёр бофарҳанг менамоянд. Ростӣ ҳеҷ гумон надоштам, ки дар коллективи мадании мо ягон инсони пастфитрат бошад, вале гуфтугӯи Шаҳриёр ном ҳамкорамро бо як кампири дар ҳасрати оғӯши мард мурдагӣ шунида, дилам аз ҷинси мард ях барин хунук шуд.

Дирӯз ҳама дар идора саргарми кор будем, ки телефони Шаҳриёр занг зад. Азбаски телефонаш чи иллате дошт, Шаҳриёр онро дар баландгӯяк гузошт ва гуфтугӯи онҳоро тамоми ҳамкорон шуниданд. Зан ба Шаҳриёр хабар расонд, ки ба телефонаш 104 сомонӣ гузаронидааст ва таъкид кард, ки рӯзи шанбе омадани ӯро бесаброна интизор мешавад. “Пирхари шум пеши беваи дигариш рафтагӣ, як ҳафта пас мебиёяд. Дунё бе душман, фурсатро аз даст надода биёед, бачаҳоя хоб карда, то саҳар ҳардуямон маишат мекунем” мегуфт зан бешармона.

Аз суханонаш фаҳмидам, ки маъшуқаи Шаҳриёр зани шавҳардор буда, вақтҳои набудани ҳамсараш ӯро ба мулоқоти ошиқона даъват менамудааст. Он зани беҳаё чунон суханони бешармонае мезад, ки мо, духтарҳо аз аз шарм дар обу арақ тар шудем.

Гуфтугӯи Шаҳриёр бо маъшуқаи шавҳардораш қариб ним соат давом кард. Хабари ба телефони мобилиаш пул партофтани занро шунида Шаҳриёр чунон хурсанд шуда буд, ки бе доира рақс мекард.

Пас аз он ки сӯҳбати телефониашон ба итмом расид, аз Шаҳриёр кӣ будани он духтарро пурсон шудем. Ҳамкорам қоҳ-қоҳ зада хандиду гуфт:

-Ёфти духтарта, охир вай як занаки 50-сола аст.


 

Ба тамоми саволҳои санҷишномаи мазкур танҳои ҷавоби мусбии «ҳа» ё ҷавоби манфӣ «не диҳед.

 


 

-Ту бо зани ҳамсоли модарат ишқварзӣ мекунӣ?-нобоварона пурсидам ман, ки чунинашро ҳеҷ интизор набудам.

-Аз духтарҳои ҷавон чи фоида?! Пир бошад ҳам, ин занак пул дорад! Барои як шаб 100-200 сомонӣ пули нақд медиҳад, ғайр аз ин, бароям сару либоси қимат харида, зиёфати олиҷаноб ташкил мекунад. Аз ман чӣ меравад, як шаб то саҳар ин занаки дар ҳасрати оғӯши мард сӯхтагиро хурсанд карда, рӯзи дигар бо киссаҳои пур ба хона бар мегардам...

Шаҳриёр шарм надошта, дар бораи маъшуқаи пираш мегуфту мегуфт. Аз нақлаш ҳамин қадар фаҳмидам, ки он кампири худобехабар оғӯши садҳо мардро гарм карда будааст.

Шаҳриёр масхаракунон акси маъшуқаи пирашро ба мо нишон дод, чунон зани бадафт будааст, ки бо дидани сураташ дилам шӯрид. “Ин қадар афташ хунук, рӯяш як зарра нӯр надорад-е” гуфта рӯямро тофтам. Шаҳриёр табассум карда гуф: “Бо ҳамин афташ он қадар ошиқи бисёре дорад, ки ногуфтанӣ. Ин беваи пулмаст ҳамеша ҷавонмардони хушрӯй ва машҳурро таги чашм карда, бо пулу тӯҳфаҳои гаронбаҳо дилашонро меёбаду баъд дар пеши дугонаҳояш худашро таъриф карда, фалонӣ ошиқи ман аст, бо беҳмадонӣ свидания доштам гӯён, худашро таъриф карда, аксҳои ҳамроҳи мардҳои зебо гирифтаашро нишон медиҳад...

Ҳар қадар Шаҳриёр маъшуқаи пирашро таъриф кунад, ҳамон андоза нафрати мо, занону духтарон нисбати ин зани бешарму беҳаё бештар мегашт. Дар пешам мебуд, гулӯяшро бӯғӣ карда мекуштам, вале...

Он зан-ку як фоҳишаи кӯчагӣ, вале намедонам Шаҳриёрро чӣ ҷин задааст, ки бар ивази пули ночиз худро ба он беваи ҳаром мефурӯшад. Марди муҷаррад мебуд, гапи дигар, вале гул барин зани зебову ду фарзанди нозанин дорад. Шаҳриёр, ту як ҷавонмарди 28-солаи хушқаду қомат шарм намедорӣ, ки бо як кампири рӯяш пур аз ожанг ишқварзӣ мекунӣ? Вақти ба оғӯши ҳамон кампир даромадан модарат ба ёдат намерасад?-гуфтам сахт карда, то шарм дорад. Медонед дар ҷавоби ин гап он марди танфурӯш чӣ гуфт? Аҷаб гапҳои беқлонае мезанӣ, охир зан худаш маро ба свидания таклиф мекунад, бар замми ин, пул медиҳад, чи хел аз ин неъмати худодод рӯй гардонам?!

Лаб газида дигар чизе нагуфтам.

Аз рӯйи нақли Шаҳриёр ин зан ҳар моҳ барои вай камаш 1500-2000 сомонӣ сарф мекардааст. “Гумон мекунӣ, ки ман бо пули меҳнатам духиҳои 200-300 сомона мехараму ресторан ба ресторан мегардам? Инҳо ҳамааш аз ҳасоби ҳамин кампираки дасткушод. Кампир дорам, чӣ ғам дорам, гуфта аз давлаташ чарида мегардам. Ду-сетои дигар ҳамин хел беваҳои пулмаст ба чангам афтанд, кор накунам ҳам, мешавад!”

Наметарсӣ, ки занат мефаҳмад-пурсидам кунқковона.

-Вай ҳамаашро медонад. Чанд бор шуд, ки қаҳр карда баромада мераваду як-ду ҳафта баъд боз худаш гашта меояд. Бо ду сағерааш вай дигар дар куҷо меғунчад, -даст афшонд Шаҳриёр.

Ин гапҳоро шунида дилам натанҳо аз Шаҳриёр, балки аз ҷинси мард тамоман хунук шуд. Занҳои бероҳаро фоҳиша мегӯянд, вале баъзе мардон аз фоҳиша ҳам бадтар будаанд. Худо аз чунин мардони танфурӯш нигоҳ дорад!

 


Дар ҳавои гарми тобистон, боз мард машрубот нӯшида сигор мекашида бошаду дӯстдори қаҳва бошад, пас, ӯро аниқ дар бистар нокомӣ интизор аст. 

 


 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД