sebiston july new
МАРДИ ЗАНДИДАРО ГИРАМ?
17.05.2021
ОИЛА
6079

 

Ман Оҳубегим! 20 сол дорам. Дар шаҳри Чкаловск зиндагӣ мекунам. Ҷавонмарде аз деҳаи худамон маро талабгор шуда, ба хонаамон хостгор фиристод. Ҷавони соҳибмаълумоту донишманд аст, дар Русия хондааст, вале як айб дорад-зандида аст! Аз зани якумаш ду фарзанд дорад. Сабаби ҷудоияшон ба гуфти хостгорон нописандии занаш будааст. Бо ҷавон аз наздик вохӯрдем.

Мегӯяд, ки бо як дидан маро дӯст доштааст. Ростӣ, ҳусну ақлу фаросаташ ба ман маъқул шуд, вале як гапи дугонаам диламро сиёҳ кард. «100 ҷавони зебо аз пасат ҳастанду ту бошӣ арӯси марди зандида мешавӣ?!» гуфта дугонаам таъкид кард, ки ин мард як умр маро бо зани пештарааш қиёс хоҳад кард. Дугонаам боварӣ дорад, ки ман бо ин мард хушбахт намешавам. Ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Маслихат:

Хоҳари азиз Оҳубегим! Оиладор шудан саҳлу бозӣ нест, дар ин кор ба қавли куҳансолон сад бор чен карда, як бор мебуранд, яъне хулоса мебароранд. Саросема нашавед, аввал характер ва фикру андешаҳои ҷавонмарди хостгоршударо нағзакак омӯзед. Аз хостгорҳо не, аз одамони бетараф сабаби аз занаш ҷудо шуданашро пурсед. Шояд айб на дар зан, балки дар худи вай бошад. Тарафи дигари масъала фарзандони ин мард аст. Аниқ кунед, ки бачаҳо бо кӣ зиндагӣ доранд ва минбаъд муносибатҳо чӣ гуна мешаванд. Оё шумо тайёр ҳастед, ки дар сурати ба назди падарашон омадани фарзандонаш онҳоро мисли фарзандони худатон қабул кунед? Метавонед кӯдакони бегонаро модарвор дӯст доред ва нозу нузашонро бардоред?

Хуллас, ҳама тарафҳои масъаларо хуб фикр карда, баъд хулоса бароред.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД