formula55
МАРГ РОҲИ НАҶОТ НЕСТ
9354

Аз ғайбзании Нигора се ҳафта гузашта буду ҳанӯз касе аз вай хабареро пайдо накарда буд. Пайвандону наздикон розӣ буданд, ки барои пайдо кардани маълумоте дар борааш тамоми дороиро нисор кунанд, вале ҳайҳот, замин гӯё духтарро фурӯ бурда буд .

     Баъди ғайбзании Нигора бародараш талоқи занашро додаву ду фарзандашро зиндаятим гардонд. Охир Нигора-яккадухтари хонаву ягонахоҳари ҳафт бародар, баъди таънаву маломати янга аз хона шабона худ ба худ ғайб зад.
     Аз дарду фироқу гумонҳои мағшуш модар бемор шуда,дар беморхона бистарӣ гашт. Фишори баланд ӯро аз пой афтондаву тапиши қалб аз ҳолат беҳолаташ гардонда.

  Модару бародарон пайваста Нигораро дар хоб медиданд. Ӯ дар хоби  онҳо гуногун медаромад. Вале аз ҳамаашон ким чӣ хел мадад мепурсиду ашкрезон зорӣ менамуд, ки наҷоташ диҳанд. Кофтуковҳои пайваста натиҷае намедод. Дар мавриди ғайбзании духтар ҳар кас ҳар чӣ ки ба забонаш меомад, баён медошт. Яке мегуфт, ки исматашро аз даст додаву худро ба дарё ғарқ кардааст. Дигаре мегуфт, ки шояд ба хориҷа гурехта бошад. Сеюми андеша дошт, ки ӯро дӯздидаанд.
  Фолбинҳову китобкушоён ҳам “ғайбдонӣ”-и худро дастак карда, хабар медоданд, ки хобҳои наздикон он маъноро дорад, ки гӯё духтарро париҳо ё деву ҷинҳо ба пушти куҳи Қоф бурдаанду вай барои ҳамин аз онҳо  хоҳиши наҷотро мекунад...

   Модари Нигора боз ӯро хоб дид. Нигора пероҳани фарсудае дар тан аз модар боз хоҳиши наҷотро дошт. Ӯ гирён тарафи ҳезумхонаи бекорхобидае, ки дар як канори боғашон дар масофаи дур аз хона сохта буданду аслан он ҷо барои зимистон ғарами ҳезумҳоро нигоҳ медоштанд, рафта ғайб зад. Модар аз хоб чашм кушода дар дилаш талвоса афтод. Мабодо...Не-не. Духтари ман зинда аст. Фикри бадро аз сар дур кардан хост модару ба тарафи китфи чапаш се маротиба туф-туф карда фиристод. Вале қувваи ниҳоние ӯро ҳушдор медод, ки хобаш аз чизе хабардораш мекунад. Ӯ хобашро ба писари дуюмаш- Асрор гуфту ду нафара тарафи ҳезумхона роҳӣ шуданд. Ҳезумхона ба қувваи барқ таъмин набуду ба он рӯшноии офтоб низ он қадар хуб намерасид, бинобар ин Асрор чароғаки дастиеро бо худ гирифт. Пушти дари ҳезумхона қарор гирифта, модару писар бӯи нофорамеро ҳис карданд. Асрор дарро кушоду шӯъоӣ чароғакро ба дохил равона кард. Ва “воҳ”-гуфта, чароғакро аз даст ба замин афтонд. Модар, ки дар паси ӯ меистод, як лаҳза дар рӯшноӣ чизеро дид, ки дар сақфи ҳезумхона кашол аст...

 Баъди се ҳафтаи кофтуковҳо ҷасади Нигораро аз ҳезумхонаашон пайдо намуданд. Нигора худро сари ҷаҳлу ситез бо янга ба ин ҷо омада овехтааст. Ҷасад пӯсидаву бӯй гирифта буд. Аммо бо вуҷуди ин аз чашми касе пӯшида намонд, ки Нигора пеш аз он ки ҷон диҳад, чӣ қадар барои  зиндамонӣ часпу талош кардааст. Аз даруни либоси тагпушаш мактуберо пайдо карданд. Дар он Нигора навишта буд, ки ӯ бо касе ишқварзӣ накардаасту янгааш ӯро беҳуда таъна задааст ва барои исботи бегуноҳияш худро мекушад...

 Риштаи умри ҷавондухтаре боз бармаҳал аз беандешагию кӯтоҳақлӣ канда шуд. Боиси надомату афсӯс аст, ки бисёриҳо сари ҷаҳлу ситез даст ба худкӯшӣ зада, ба ин васила мехоҳанд чизеро ба касе исбот кунанд ва ё маргро василаи раҳоёбӣ аз тамоми мушкилотҳо медонанд. Вале марги иҷборӣ  дар ҳама давру замонҳо чӣ аз дасти худу чӣ аз дасти дигарон маҳкум мегардад. Ва роҳи халосӣ аз мушкилотҳо марг набуду нест...
Наргиси Муродалӣ
 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД