goodwell
Марги 2 кӯдак пас аз хатна кардан
136

Дар ноҳияи Иштихони вилояти Самарқанд ду кӯдак баъди хатнасур дар як муассисаи тиббӣ ҷон бохтаанд. Волидон ва хешовандонашон дар марги писарбачаҳо табибонеро гунаҳкор медонанд, ки кӯдаконро ҷарроҳӣ карда буданд.

Тавре Kun.uz навиштааст, ҳодисаи аввал рӯзи 22-юми март рӯй дода, писарчаи панҷсолаеро хатна кардаанд, вале рӯзи дигар хунравӣ сар шудааст. Духтур захмро баста, гуфтааст, ки ҳеҷ ҷойи ташвишу нигаронӣ нест ва ҳамааш хуб мешавад, вале шом таби кӯдак якбора баланд шуда, таблара кардааст. Аҳли оила ба ташвиш афтода, ба хона як табиби ҷарроҳро даъват намудаанд. Ӯ гуфтааст, ки кӯдак сармо кашидаасту сиҳат мешавад, аммо ҳоли писарбача торафт бадтар шуда, рӯзи 27-уми март бо маслиҳати ҳамшираи шафқат ӯро дубора ба беморхона бурдаанд. Табибон кӯдакро дарҳол ба утоқи “Реаниматсия” бурда, пас аз ним соат аз марги писарак хабар додаанд.

Ҳодисаи дувум рӯзи 3-юми апрел ба вуқуъ пайваста, дар як кӯдаки дигар пас аз хатна аксуламали аллергӣ пайдо шуда, табаш баланд шудааст. Дар беморхона ба оила гуфтаанд, ки ин ҳолати муқаррарист, аммо рӯзи 8-уми апрел кӯдак аз олам даргузаштааст.

Ҳаёт Шамсутдинов, сардори хадамоти иттилоотии Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар додааст, ки нисбати табибон дар робита бо ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД