Бар асари сар задани сӯхтор дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 16 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки аз ин шумора 6 нафар ноболиғон будаанд.
Дар ин хусус имрӯз, 21-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд. Қайд карда шуд, ки маблағи зарари бар асари ҳодисаҳои сӯхтор расида 12 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин давра 531 садамаи нақлиётӣ сар зада, дар пайи ин ҳодисаҳои нохуш 287 нафар ба ҳалокат расидаанд ва 508 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.