arzon replenishment
Марги фоҷиавии 2 кӯдаки тоҷик дар Русия
584

 

Дар вилояти Ростови Русия ду кӯдаки хурдсоли тоҷик ба таври фоҷиавӣ ҷон бохтаанд. Ин бачаҳои ормонӣ, ки яке 5 сол дошта, дигарӣ ҳамагӣ 2-сола будааст, дар байни шӯълаҳои оташ ба қавле зинда ба зинда сӯхтаву бирён шуда, ба сахтӣ ҷон додаанд...

Ҳодиса рӯзи 6 декабр сар зада, дар деҳаи хутор Усмани ноҳияи Багаевои вилояти Ростови Русия як хонаи чӯбин оташ гирифтааст. Сабаби сар задани сӯхтор ҳанӯз маълум нест, вале дар ин оташсӯзӣ 2 кӯдаки хурдсол, ки яке 5 солаву дуюмӣ дусола буда, ҳарду фарзандони як оилаи муҳоҷири тоҷик будаанд, сӯхта, ҷони худро аз даст додаанд...

Хутори Усман тақрибан дар 60-километрии шарқи шаҳри Ростови лаби Дон ҷойгир шуда, дар инҷо ҳамагӣ 100 нафар зиндагӣ мекунанд. Чаро муҳоҷирони тоҷик маҳз ин деҳаи дурдастро интихоб карданд, маълум нест, вале ба иттилои нашрияи маҳаллии Donday, он рӯзи наҳс падари 33-сола ва модари 27-солаи ин ду кӯдаки ғӯррамарг фарзандонашонро дар хона танҳо монда, барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳояшон ба маркази муҳоҷирон рафта будаанд. Онҳо тоза аз Тоҷикистон омада, ин хонаи чӯбинро дар кӯчаи Донская ба иҷора гирифта буданд ва худро дар идораи муҳоҷират сабти ном карда, акнун аз пайи гирифтани патент ва ҷустуҷӯи кор будаанд.
Тавре ки Бомдод менависад, бар замми ғами ҷигарсӯзи якбора аз даст додани ду фарзанди дилбандашон акнун ин зану шавҳари муҳоҷир ба кашмакаши пулис ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ гирифтор хоҳанд гашт ва тибқи қонунҳои Россия ба онҳо барои аз беэҳтиётӣ ба ҳалокат расонидани кӯдакон то 4 сол маҳдуд кардани озодӣ, корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 4 сол ва ё ба ҳамин муҳлат ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Кӯдакони ба ҳалокат расида яке писарчаи 5-сола ва дигарӣ духтарчаи 2 сола будаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД