goodwell
Марги фоҷиавии як донишҷӯ бар асари таркиши газ
181

Абубакр Нуров, донишҷӯи 18-солаи Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии пойтахт бар асари таркиши газ ҷони худро аз даст додааст.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 23-юми май дар маҳаллаи Яккатути ноҳияи Фирдавсӣ дар корхонаи “Мазаи ватанӣ”, ки ба фурӯши яхмос ва маҳсулоти ширӣ машғул мебошад, рӯй дода, лӯлаи газ бо сабаби риоя накардан ба қоидаҳои бехатарӣ ва зидди сӯхтор оташ гирифта, таркидааст. Дар натиҷа, Абубакр Нурови 18-сола, ки сокини ҷамоати Баҳори шаҳри Ваҳдат ва донишҷӯи Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе будааст, ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона ҷон додааст.

Гуфта мешавад, ки Нуров дар коргоҳи мазкур ба ҳайси ёвар фаъолият мекардааст. Санҷиши ҳодиса аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД