formula55
Марги пурасрори домоду арӯси 3 рӯза Шарифбек ва Гулҳавас худкушӣ карданд?
26.04.2022
ОИЛА
1519

 

Шарифбек ва Гулҳавас дар рӯзҳои иди Наврӯзи оламафрӯз 24-марти соли равон бо садҳо умеду орзуҳои ширин базми арӯсӣ ороста буданд. Ин шаҳу арӯси нозанин он рӯз хушбахттарин одамони дунё буданд ва ҷамъи хешу табор, ёру ошно ва ҳаққу ҳамсоягон дар базми висоли ин ду ҷавон рақсу бозӣ карда, ба навхонадорон аз даргоҳи худованд бахти сафед мехостанду орзу мекарданд, ки дар канори ҳамдигар то қаъри пириҳо бо меҳру муҳаббат зиста, қӯшапир шаванд, аммо...
Хушбахтии домоду арӯси 17-сола дер давом накарда, ҳамагӣ баъди се рӯз садои нолаи ҷигарсӯз ва “во балам”гӯии модари зори шаҳбачаи ормонӣ сокинони деҳаи Яккатути ноҳияи Вахшро аз хоби ширин бедор кард. Хурду калон ҷониби манзили онҳо шитофтанд, вале аллакай кор аз кор гузашта, ҷасадҳои домоду арӯси ноком рӯйи хона мехобиданд....
Хабари нохуши худро ба дор овехтани домоду арӯси серӯза Шарифбек Зиёев ва Гулҳавас Шоева дар як дам дар сар сари Вахш паҳн гашта, ин хабари шум то пойтахт низ расид. Сару садоҳо дар бораи ин ҳодисаи ногувор хеле зиёд буданд, вале...
Прокуратураи ноҳияи Вахш сабаби марги домоду арӯси се рӯза, сокинони деҳаи Яккатути ноҳияи Вахш Шарифбек Зиёев ва Гулҳавас Шоеваро дар худкушӣ дониста, боз кардани парвандаи ҷиноиро дар робита бо ин масъала рад намудааст. Мақомот сабаби худкушии ҷавононро дар гирифтории шаҳбача ба бемории рӯҳӣ медонанд, аммо...
Падари арӯсаки ноком Гулҳавас Шоева-Маҳмадзоир Шоев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ӯ ба худкушӣ кардани духтараш боварӣ надорад. Ба андешаи ин падари фарзандгумкарда сабаби марги духтараш ҳаматарафа таҳқиқ карда нашудааст. Маҳмадзоир Шоев бар он назар аст, ки домод духтарашро ба худкушӣ талқин намудааст.
Сафархӯҷа Зиёев, бародари домоди ноком низ қаблан дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки бародараш ягон мушкили саломатӣ надошт, аммо...
Аз манзили домоду арӯси ҷавонмарг номаи пеш аз маргии онҳоро пайдо намудаанд, ки ба дасти домод навишта шудааст. Шарифбек дар номи пеш аз маргии худ ва арӯсаш аз падару модар ва наздиконаш бахшиш пурсида, гуфтааст, ки онҳо дигар зиндагӣ қардан намехоҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД