shoh palace
Марги пурасрори Моҳира ҳангоми саҳархӯрак
6930

Шаби гузашта саҳархӯрӣ барои аҳли оилаи Моҳира ном ҷавонзани ҳисорӣ ба мотам табдил ёфт.

Ин зани зебову меҳрубон бо нияти тайёр кардани хӯроки субҳона баҳри аҳли хонаводааш, ки ҳамагӣ рӯзадор буданд, аз хоб бархоста, таъом ва анвои хӯрданиҳои лазизро омода месозад. Пас аз саҳархӯрак, аниқтараш ҳангоми хондани намози бомдод Моҳира, ки комилан солим буд, дар болои ҷойнамоз ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супурдааст.

Тавре модари мақтул нақл кардааст, Моҳира ҳамагӣ 36 сол дошта, модари се фарзанди ноболиғ буд. Чанде пеш шавҳараш аз олам даргузашта буд ва Моҳира дар фироқи ёри ғамхораш ба мисли шамъ ноаён сӯхта обу адо мешуд. Ин модари зор мегӯяд, ҳамон бегоҳе, ки субҳаш ин ҳодисаи нохуш рӯй дод, Моҳира хонаву ҳавлиро тоза рӯфта, кӯдаконашро оббозӣ доронд ва сару либосашро шуста дар тор овехт. Вай гӯё марги худро медониста бошад, кӯшиш мекард, ки хонаву дараш тамиз ва сару рӯйи бачаҳояш тозаву озода бошад.

“Духтаракам ҳангоми саҳархӯрак ким-чихел андешамандона ба ман нигариста гуфт, ки очаҷон дилам худ аз худ сиёҳӣ оварда истодааст, мабодо бо ман чизе шавад, се кӯдакамро мисли фарзандони худатон нигоҳубин кунед. Намонед, ки бачаҳоям сағера буданашонро ҳис карда, дар зиндагӣ ранҷу азоб бикашанд...”

Моҳираро барои ин гапҳояш ҷанг кардам ва рӯзаамонро маҳкам кардам. Саргарми намозхонӣ будам, ки садои доду фиғони духтарчааш баромад. Намозамро тез хонда ба хонаи хоби духтарам давидам ва дидам, ки Моҳира дар болои ҷойнамоз беҳушу бе ёд хобидааст. Давида ӯро аз болои ҷойнамоз бардоштам, вале аллакай дер шуда, духтараки ғуррамаргам ҷон дода буд...” қисса мекунад модари зори Моҳира зор-зор гиря карда.

Ба қавли пайвандонаш Моҳира ягон дард надошт ва ҳеҷ гоҳ аз саломатиаш шиква намекард. Ин ҷавонзани бовафо шавҳарашро сахт дӯст медошт ва билохира ғами марги ҳамсараш ӯро ба домони хоки сард кашид...

Поделиться новостью
Шарҳ
(6)
Мухаммаддовут 2019-05-28, 18:07
Худованд рахматаш кунад омин
Посух
Sharif Khan Ismailzade. 2019-05-28, 19:31
Худованд чояшро чаннат ва фарзандонашро дар панохи исмати Худ нигах дор.
Посух
Диёри Кухдомани 2019-05-28, 22:39
Дар ин мохи муборак Худованд махфират кунад.Чояшро чаннат гардонаду аз хафзи кафсар сер гардонад.ОМИН!
Посух
Фаррух 2019-05-28, 23:06
Худовандо гарика рахмат шоистаи чаннат гардонад Омин!!!
Посух
Ахмад 2019-05-29, 03:05
Худованд рухи ин хохари исломиро дар чаннатулфирдавс чо бидихад!Чи марги асрорангезе.Аллох кудратхои зиёд дорад.Ба хонадони Мохира аз Худойи пок сабри чамил хохонем!
Посух
Зайнитдинова Мунавар 2019-06-01, 06:47
Худованд рахмату шоистаи чаннат гардонад! Чи кадар марги осону дилрешкунандБа ахли байти Мохираи чавон сабри чамил мехохам!?????
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД