Отахон Саидзода, директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз марги Маҳмадулло Кабиров, ҳунарманде, ки бо ду ситораи санъати тоҷик - марҳумон Дӯстмуроди Алӣ ва Аловиддин Абдуллоев дӯсти наздик будааст, хабар дода, гуфтааст, ки Маҳмадулло дар "Шӯхиҳои Аловуддин" низ нақшофарӣ мекард.
Маҳмадулло Кабиров зодаи ноҳияи Файзобод буда, бо овозхони машҳури тоҷик Дӯстмурод Алиев ва ҳунарманди шинохтаи саҳнаи театр Қиёмиддин Чақалов ҳамкорӣ доштааст.
Гуфта мешавад, ки марҳум Маҳмадулло Кабиров бо Аловиддин Абдуллоев риштаи хешутаборӣ дошта, дӯсти наздик ва ҳамбозии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев буд ва дар саҳнаҳои театриву барномаи маъруфи "Шӯхиҳои Аловуддин" нақш меофарид. Худи Аловуддин Абдуллоев чанд сол қабл зимни як суҳбат аз Маҳмадулло ситоиш намуда, гуфта буд, ки қобилияти хуб дорад.
Маҳмадулло Кабиров дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар фаъолият дошт, вале сабаби марги ҳунарманд маълум нест.