Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Туркия Кемал Юксек ва роҳбарияти ширкатҳои ҳавопаймоии «Туркиш Эйрлайнз», «Анадолу Ҷет» ва «Пегасус Эйрлайнз» вохӯрӣ анҷом доданд.
Бино ба иттилои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ масъалаи ифтитоҳи парвозҳо дар самтҳои Анқара-Душанбе, Анқара-Хуҷанд, Анталия-Душанбе (дар фасли тобистон), инчунин зиёд намудани шумораи парвозҳо дар самти Истанбул-Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Зимни вохӯрӣ директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Туркия иброз доштааст, ки вобаста ба аудити дарпешистодаи соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ омода аст дар масъалаи мубодилаи таҷриба дар соҳаи амнияти авиатсионӣ, иҷозатномадиҳӣ, рақамикунонии равандҳо ва тайёр кардани кадрҳо барои соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳамкорӣ намояд.
Изҳори боварӣ карда шудааст, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар рушди соҳаи авиатсияи граждании ҳар ду давлат нақши муассир мегузорад.