arzon replenishment
Маслиҳатҳои судманд ба бонувон дар бораи ороиши солинавӣ
1093


Соли 2024 бешубҳа соли махсус хоҳад буд. Аз ин рӯ Соли Навро арзанда пешвоз гирифтан лозим аст.

Барои он ки занону духтарони тоҷик дар шаби Соли Нав мисли малика зебо бошанд, чанд маслиҳати муфидро дар боби ороишот ва либоси идонаи солинавӣ манзуратон мегардонем.

Кадом ранги маникюр барои
Соли нави 2024 мувофиқ аст?

Дар соли 2024 маникюри Renew Blue интихоб кунед, беҳтар мешавад.
Онро ҳамчун "кабуди мутавозин бо ишораҳои хокистарии баҳр" тавсиф мекунанд. “Renew Blue “ бо тамоми намуди куртаҳои идона мувофиқ аст.

Ороиши мӯй барои Соли нави 2024

Мехоҳед маликаи ҷашн бошед? Пас ороиши Bubble Braid барои шумост. Ин тарзи ороиши мӯй ба ҳама зебанда аст. Барои бофтаи ғайриоддӣ, ба шумо тасмаҳои эластикии равшан, маҳсулоти ороишӣ ва лакҳои мустаҳкам лозиманд: Мӯйҳои тоза ва хушкро шона кунед ва кафкро ба дарозии мӯйи саратон молед. Мӯйҳои худро ба ақиб шона кунед ва баланд бардоред (хвостик) Мӯйи ба думи аспаки понӣ монана гаштаатонро бо тасмаи эластикӣ мустаҳкам кунед. Аз банди болоӣ каме қафо равед ва дигареро бандед. Банди эластикиро гузоред, риштаҳоро мустаҳкам кунед. Баъди 5 дақиқа риштаро кушода ба мӯйатон лак занед.

Ороиш рӯй

Ороиши рӯй як ҷузъи муҳими Соли нав аст. Ороиш рӯй барои Соли нави 2024 мувофиқи ранги чашм бояд бошад. Мо вариантҳои ороишро пешниҳод менамоем, ки бешубҳа шуморо ба ҳайрат меоранд.

Ороиши рӯй пеш аз ҳама бояд равшан ва табии бошад. Истифода бурдан аз лабсурхкунаки рангаш баланд лабони шуморо хеле зебо ва ҷаззоб ҷилва медиҳад.

Фаромӯш накунед, ки косметикаи ороишӣ натанҳо як воситаи таъкид кардани зебоӣ, балки роҳи ифодаи шахсият ва эҷодиёти зан бояд бошад.

Аз ин хотир ба ороиши чашмон диққати махсус додан лозим аст. Истифодаи тенҳои дурахшон дар ҷашни соли нав чашмони шуморо ҷозибаи нотакрор мебахшад.

Либосҳои мӯд ва ғайриоддӣ барои Соли нави 2024

Шаби ид курта (плате) пӯшидан беҳтар аст. Ин либос ба тан шинам ва зебанда буда, роҳ гаштан бо он осон аст. Рангҳои асосии либоси идона сабз, сурх ва сиёҳ мебошанд.

Сумкача бояд ба куртае, ки шумо дар шабнишинӣ мепӯшед, мувофиқат кунад ва ҳаҷмаш на он қадар калон бошанд. Пойафзолатон пошнаи начандон баланд дошта бошад, беҳтар аст, зеро бо пошнаи хурд шумо роҳҳаттар роҳ мегардед ва аз дарди пой низ халос мешавед. Пойафзолатонро мувофиқи сумкачатон интихоб кунед,бисёр зебо ба назар мерасад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД