Commerc banl
Масъулини вазорат бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии Ваҳдату Файзобод шинос шуданд
06.03.2026
Oila.tj
77

Ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо раванди расонидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод шинос гаштанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар рафти боздид масъулини вазорат бо ҷараёни фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳр ва ноҳияи болозикр шинос гашта, аз рафти хизматрасонии шуъбаҳо, ҳолати таҷҳизотҳои тиббӣ ва вазъи санитарию эпидемиологии муассисаҳои тандурустӣ дидан кардаанд.

Дар баробари ин, масъулин бо ҷараёни гардиши хона ба хонаи кормандони тиб дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ шинос шуда, баҳри боз ҳам хубтару беҳтар кардани фаъолияти корӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД