formula
Мавлона Наҷмиддинова: Хушдоман аждаҳо нест
27.02.2023
ОИЛА
822

 

Меҳмони навбатии гӯшаи «Маслиҳати хушдоман» ҳунарпешаи маъруфи театру синамои тоҷик Мавлона Наҷмиддинова ҳастанд. Назари бонуи ҳунарро доир ба муносибати келину хушдоман пурсон шудем. Саволи мо ба ҳунарманди маъруф чунин аст:

-Вақте арӯсак ба хонаи хушдоман ворид мешавад, модари хонадон меҳмони навро чӣ гуна бояд пешвоз гирад?

-Аввалин коре, ки дар муносибати келину хушдоман сар мешавад, аз модари духтар оғоз мегирад. Мо духтардорҳо хушдоманро баъзан дар назари духтарҳоямон аждаҳо нишон медиҳем, хусусан модароне чунин рафтор мекунанд, ки худашон аз хушдоманҳо азияти сахт кашидаанд. Ин гуна модарон фаромӯш мекунанд, ки зиндагии онҳо дигар буду аз фарзандашон дигар.

Дуюм, ин ки духтаронамонро ба ҳаёти мустақил тайёр накарда, зуд ба шавҳар медиҳем, гӯё аз кадом бори гарон ҷонамонро зудтар халос карданӣ мешавем. Бечора духтар аз хоби ноз сер накарда, дар бораи зиндагии оилавӣ чизе наомӯхта, худашро дар хонаи шавҳар мебинад. Падару модари домод ҳам маҳру мол дода, барои худ гӯё хизматгор харида бошанд, ҳама бори зиндагиро ба дӯши келин мепартоянд. Албатта ин ба ҳама хушдоманҳо дахл надорад, зеро ҳастанд бонувони хирадманде, ки келинро чун духтар қабул кардаву ҳама кору борро барояш меомӯзонанд. Ман худам дидаам ва шоҳидам, ки ин гуна модарони фариштахисол ҳама чизи дар зиндагӣ омӯхтаашонро ба келинҳояшон меомӯзанд. Имрӯз келинҳои онҳо кори сад корафтодаро ба сомон мерасонанд. Солҳои пеш агар ба духтар хостгорӣ меомаданд, аввал мепурсиданд, ки домодшаванда дар куҷо хондааст, хизмати ҳарбӣ кардааст ё не? Баъд тагу тӯшаи якдигарро хуб мефаҳмиданду хонадор мешуданд. Имрӯз гӯё бо ишқу муҳаббат хонадор мешаванду баъди чанде мешунавӣ, ки ҷудо шудаанд.

Гумон мекунам, сабаби асосии вайрон шудани оилаҳо, ки имрӯз дар ҳама ҷо бонги изтироб мезананд, дар бесаводӣ, бефарҳангӣ ва аз маърифати исломиву дунявӣ бехабар будани мост. Бобоёни мо мегуфтанд, ки аз гирифтани калимаи талоқ аршу курсӣ меларзад, барои бархе аз ҷавонони имрӯз талоқ бозича шудааст. Мо бояд аз хурдӣ дар вуҷуди фарзанд меҳру муҳаббат ба арзишҳои волои инсониро тарбия кунем, он вақт шояд дигар ҳеҷ гоҳ дар бораи вайроншавии оилаҳо ва муносибати бади келину хушдоман нагӯем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД