Майк Тайсон ва Эвандер Холифилд ба Душанбе омаданд
Муштзанҳои машҳури ҷаҳон Майк Тайсон ва Эвандер Холифилд ба шаҳри Душанбе омаданд. Ҳузури онҳо дар пойтахти Тоҷикистон таваҷҷуҳи мухлисони варзишро ба худ ҷалб кардааст.
Ин ду муштзан аз чеҳраҳои шинохтаи таърихи бокси касбӣ ба шумор рафта, солҳои 1996 ва 1997 дар ринг бо ҳам рақобат кардаанд. Дар муҳорибаи аввал Холифилд пирӯз шуда буд. Муборизаи дуюми онҳо бошад, бо ҳодисаи маъруфи газидани гӯши Холифилд аз ҷониби Тайсон анҷом ёфт.
Қарор аст, имрӯз, 5-уми ноябр, онҳо дар чорабинии «Шоми пирӯзиҳои бузург», ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иштирок кунанд.
Ҳамчунин, Тайсон ва Холифилд дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои муштзанҳои ҷавон дарси маҳорат баргузор мекунанд.
Дар барномаи шом ҳунарнамоии ситораҳои санъат, иштироки меҳмонони маъруф ва ҷамъбасти озмуни бурди автомобилҳо пешбинӣ шудааст.