35 years of independency
Мехҳо дар девори дил
05.09.2026
Oila.tj
169

Рӯзгоре писари ҷавон ва бисёр тундхӯ зиндагӣ мекард, ки наметавонист забону хашми худро нигоҳ дорад. Ӯ бо ҳар иттифоқе андаке сари ҳама фарёд мекашид ва бо калимоти тунду нешдор атрофиёнашро захмӣ мекард.

Падараш, ки аз ин вазъият ранҷ мебурд, рӯзе кисае пур аз мех ба писар доду гуфт: “Ҳар бор, ки инони идораи худро аз даст додӣ ва бо тундгӯйӣ касеро озурдӣ, бояд як мех бар девори боғ бикубӣ”.

Дар рӯзҳои аввал писар даҳҳо мех ба девор кӯбид. Заҳмат ва талош барои кӯбидани мехҳо боис шуд, ки ӯ кам-кам ба рафтори худ фикр кунад. Дар тули ҳафтаҳои баъд ӯ талош варзид забони худро нигоҳ дорад ва теъдоди мехҳои кӯбидааш камтару камтар шуд; зеро фаҳмид, ки нигоҳ доштани забонаш осонтар аз кӯбидани мехҳо бар девори сахт аст.

Саранҷом рӯзе расид, ки писар дар тамоми тули рӯз бо ҳеҷ кас бо тундгӯйӣ ва дуруштӣ сухан нагуфт. Бо хушҳолӣ назди падар рафту моҷароро таъриф кард.

Падар лабханде заду гуфт: “Олӣ аст! Ҳоло бар ивази ҳар рӯзе, ки тавонистӣ забони худро идора кунӣ ва тундгӯйӣ накунӣ, яке аз мехҳоро аз девор берун бикаш”.

Рӯзҳо гузашт ва писар саранҷом тамоми мехҳоро аз девор берун овард. Дасти падар гирифту бо ифтихор деворро нишон дод.

Падар нигоҳе ба девор андохту гуфт: “Фарзандам, ту кори бузурге кардӣ, аммо ба ин девор хуб нигоҳ кун. Чӣ мебинӣ?”.

Писар гуфт: “Ҷойи сурохии мехҳо рӯйи девор мондааст”.

Падар сарашро такон доду гуфт: “Каломи тунду дурушти ту монанди ин мехҳост. Вақте бо тундгӯйӣ дилеро мешиканӣ, ҷароҳате дар он боқӣ мегузорӣ. Ҳатто агар баъд аз он узрхоҳӣ кунӣ ва мехҳоро берун бикашӣ, ҷойи он захм ҳаргиз аз дили он одам пок нахоҳад шуд. Захми забон камтар аз захми шамшер нест”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД