arzon replenishment
Мино аз боимҷон хӯриш тайёр мекунад
2191

 Имрӯз дар меҳмонии ошхонаи сомонаи Оила ТЧ ҳунарманди ҷавону зебо хонум Мино қарор дорад.


Сарояндаи хушовоз бо истифода аз сабзавотҳои тару тоза хӯришеро аз боимҷон ва тухм пешкаши ҳаводорони санъати худ мегардонад. Инак, мутаваҷеҳ бошед!


Маҳсулоти лозима:

Боимҷон - 3 дона,

Тухми обпаз - 3 дона,

Пиёз - 2 дона,

Майонез - 3 қошуқ,

Намак, мувофиқи табъ

Мурчи сиёҳ,

Равғани растанӣ.

Барои маринад:

Сирко - 3 қошуқ,

Оби ҷӯшида - 80 мл,

Шакар - 1 қошуқча,

Намак - 0,5 қошуқча.

Тарзи таҳия:

 

Боимҷонро ба таври наргисӣ реза мекунем.

Ба боимҷони реза намак пошида, 30 дақиқа нигоҳ медорем.

Пиёзро ба таври нимҳалқа реза мекунем.

Пиёзро дар оби ҷушон бо иловаи шакар, намак ва сиркодошта тар мекунем.

Боимҷонро дар равған бирён мекунем.

Тухми дар об пухташударо ба таври наргисӣ реза мекунем.

Маҳсулоти хӯришро –боимҷони бирён, тухми обпаз, пиёз ва майонезро якҷоя карда, аралаш мекунем.

Хӯриши тайёршударо дар яхдон 20 дақиқа нигоҳ медорем, то ки хунук шавад. Хӯриш омода шуд, иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД