Яке аз бемориҳои паҳншудаи занона миомаи бачадон мебошад. Миомаи бачадон омоси хушаъфол (доброкачественная опухоль) буда, қариб ки ягон нишонаи хос надорад.
Аксари занҳо вақти гузаштан аз муоинаи духтури занона ва анҷом додани ташхиси ултрасадо - УЗИ тасодуфан аз гирифториашон ба миомаи бачадон бохабар мешаванд. Сабаби асосии пайдоиши миома вайроншавӣ, яъне пасту баланд шудани ҳормонҳо, махсусан эстроген ва прогестерон дар хун, тез-тез исқоти ҳамл намудан, худдории дурудароз аз муносибатҳои шаҳвонӣ ва бисёр нишастан (сидячий образ жизни) мебошад.
Бо мурури замон миома калон шуда, хавфи хунравиро ба миён оварда метавонад, аз ин хотир, бемориро сари вақт табобат кардан лозим аст.