arzon replenishment
МОДАРАМ БОИСИ БАДБАХТИАМ ГАШТ
1433

Салом ба сомонаи ОИЛА. ТҶ. Ман Зарангез аз ноҳияи Варзоб ҳастам. Мехостам, ки қиссаи ҳаёти худро ба шумо нақл намоям.

Соли 2014 баъди хатми мактаб мехостам, ки ба ягон колеҷи тиббӣ дохил шуда, ҳамшира шавам. Падарам дар аввал розӣ шуда гуфтанд, ки дастгирӣ мекунам. Ман ин хабарро бо хушҳолӣ ба модарам расонидам. Модарам пас аз шунидани ин гап гӯиё хабари марги маро шунида бошанд, ҳуш аз сарашон парид.

“Ман худам медонам, ки ту куҷо меравӣ!” гуфту бо қаҳр ба назди падарам рафтанд. Онҳо дер боз чизеро баҳсу ҷанҷол карда ба хулосае омаданд, ки ман ҳеҷ ҷо намеравам, дар ягон ҷо намехонам.

Баъдтар фаҳмидам, ки дугонаи модарам маро барои писараш келин мекардаасту ба ҷои ҳама модарам аллакай розигии моро додааст.

Ҳафтаи дигар меҳмонон бо дастархонҳои калону карру фари зиёд ба ҳавлии мо даромаданд. Аз қаҳ-қаҳу ваҳ-ваҳаи онҳо маълум буд, ки занҳои “бамаъне” нестанд.
Хулоса шаш моҳ пас тӯйи ман ҳам баргузор шуду ман келини дугонаи очаҷонам шудам. Аз рӯзи аввали арӯсӣ хушдоманам “ғулом” шудани маро бо чанд гапи обдор тасдиқ карда, “аз ҳад” нагузаронидани маро таъкид намуд.

Дар давоми якуним сол рӯзҳоеро ба сарам овард, ки ба ёд оварданаш душвор аст.
Ман дигар таҳаммул накарда, бо тифлаки батнам ба хона модарам омадам.
Инак духтарам калонаку дастёрак шудааст. Аммо худам дастнигарӣ акаву хоҳар гаштаам.
Модарам аз он, ки маро иҷозаи хондан надоду зуд ба дугонаи ҷаллодаш ба “ғуломӣ” дод, сахт пушаймон аст.

Ба духтарону модарон гуфтаниям, ки дар зиндагӣ дар мадди аввал хонданро гузошта, соҳиби касб шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД