Муҳаббат ва интиқом (ҚИСМИ 10)
1061

Мавлударо духтурзан ба утоқаш ҷеғ заду бо ӯ дар танҳоӣ суҳбат карда, асли воқеаро фаҳмонд. Сабаби шикамдардашро низ шарҳ дод.

Аз чашмони зебои Мавлуда ашк равона гардида, мегуфт:

- Охир, ман чӣ қадар орзуҳои зиёде доштам. Ин лаънатӣ ҳаёти маро сӯхт... Дигар ман ба кӣ даркорам?

- Ҳеҷ гап не, сабр кун, ин рӯзҳо ҳама мегузаранд. Боз рӯзҳои хуши умрат меоянд.

- Э холаҷон, агар ман хушбахт мебудам, магар очаҷонамро гум мекардам? То ҳозир на зинда буданаш маълум асту на мурда буданаш. Агар модарам ҳамроҳам мебуд...

- Гиря накуну барои исқоти ҳамл омода шав...

Мавлударо он рӯз исқоти ҳамл карда, то ба худ омаданаш дар беморхона нишастанд. Сипас ӯро духтурзан ҷавоб дода, хоҳиш кард, ки айни замон барои ӯ танҳо ва танҳо оромии рӯҳӣ лозим меояд.

Мавлуда бо чеҳраи гирифтаву бо қалби шикаста ҳамроҳи холааш ба деҳа раҳсипор гардиданд. Меҳринисо ба падар гуфт, ки Мавлуда ба бемории илтиҳоби талхадон гирифтор шудаасту духтур ба ӯ якчанд дорухат навиштааст.

Мавлуда баъди ин ҳодиса боз ҳам бештар дигаргун шуда, акнун бо касе гап намезад. Соатҳо рӯйи кати ҳавлӣ нишаста, ба як нуқта дурудароз менигарист. Ин ҳолати музтариби ӯ аз назари Олим пинҳон намонду рӯзе пурсид:

- Ҳа, духтарам, тинҷӣ аст? Авзоят гирифтагӣ?

- Падарҷон, мурдан мехоҳам.

- Чаро ин тавр мегӯӣ?

- Бе модар зистан намехоҳам. Бечора модарам ҳоло куҷо бошад?

- Модарат шояд…

- Ин хел нагӯед, падарҷонам, модарам зинда аст. Дилам гувоҳӣ медиҳад.

- Кош…

Мавлуда акнун ҳаваси ба мактаби олӣ дохил шуданро аз сар гирифта буд. Ба чизе ҳавас надошт. Меҳринисо аз ин рӯҳафтодагии ҷиянаш сахт ғамгин шуда, фикр мекард, ки чӣ тавр ҳама ғами ӯро аз дилаш барорад.

- Мавлудаҷон, илтимос, фақат дар бораи чизи хуб фикр намо.

- Медонам холаҷон. Аммо ин эҳсоси интиқом дар дили ман ҷӯш мезанаду намедонам ин корро кӣ карда бошад? Кош як бор ин худозадаро медидам, он гоҳ аз ӯ интиқом мегирифтам.

Меҳринисо аз ҷиянаш доимо хавотир, ӯро танҳо намегузошт. Маҷбурӣ бурда ӯро дар назди як дӯзандаи хеле моҳир шогирд монд.

Олим рӯзе дар набудани хусураш аз хона телевизорро кашола карда бурда фурӯхтанӣ шуд. Меҳринисо, ки рӯзона дар хона буд, ин рафтори язнаашро мушоҳида карда, аниқ аз дил гузаронид, ки «барои қиморбозӣ мефурӯшад». Охир, дар хонаи апааш чизе набуд. Апааш боре шикоят карда буд, ки Олим мисли дузди гузаро моҳирона тамоми асбобу анҷоми хонаро бурда фурӯхтаасту ӯ дарак наёфтааст.

Меҳринисо давида ба рӯйи ҳавлӣ баромаду ба язнааш хитоб кард:

- Язна, ин чӣ гап худаш? Телевизори падарамро ба куҷо мебаред?

- Ба таъмиркунӣ.

- О ҳамин шаби дароз аз ҳуҷраатон садояш меомаду пас чӣ хел дар як дам вайрон шудааст?

- Субҳ аз хоб хестаму хостам барномаи телевизионии субҳонаро тамошо кунам, аммо ҳарчанд гирён кунам, равшан нашуд. Барои ҳамин ҳоло ки камтар бекорам, онро бурда дар як дӯсти устои таъмиргари телевизор соз мекунам.

- Фаҳмо,- нобоварона гуфт Меҳринисо.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД