Язнааш телевизорро гирифта рафту якбора ба дили Меҳринисо алов фитоду ба сӯйи утоқи хоби ҷиянаш хабаргирӣ рафт. Чунки Мавлуда хеле саҳархез буду дар як дам тамоми кори хонаро ба сомон мерасонид. Аммо ин саҳар аз чӣ бошад, ки аз хона набаромадааст.
Ба хона даромаду Мавлударо рӯйи бистар дар як ҳолати аҷиб дид. Мавлуда ба шифт нигоҳ карда, гӯё бо касе гап мезаду худ ба худ гоҳ гиря мекарду гоҳ ханда.
Меҳринисо тарсида, ҷиянашро такон доду пурсид:
- Ҳа, Мавлудаҷон, тинҷӣ? Дар ин субх бо кӣ гап зада истодаӣ?
- Бо париҳоям,- қоҳ-қоҳ зада хандид Мавлуда.
Ин дам мӯйҳои дарозашро парешон карда, либосҳояшро дар танаш лах-лах карда буд.
“Ба ин духтари зебои хола чӣ шуда бошад? Шояд баъди он воқеаи даҳшатнок асабҳояш вайрон шуда, ақлаш равонӣ коҳида бошад? Худоё, моро аз ин баду балоҳо раҳо кун…”,- аз дилаш гузаронд Меҳринисо.
- Росташро гӯй, духтарҷон, ягон ҷоят дард мекунад?
- Не…,- ӯ чизе гуфтан мехост, вале хомӯш шуд.
- Мавлудаҷон, росташро гӯй?
- Холаҷон, агар росташро гӯям, онҳо маро мекушанд.
- Киҳо? Ту чиҳо гуфта истодаӣ?
- Париву ҷинҳо.
- Ту девонаӣ, духтарҷон, ин гапҳо ҳама афсона аст. Бовар накун.
- Афсона нест, ман ҳар рӯз бо онҳо гап мезанам.
- Ту девонаӣ, ҷони хола, сура хон, онҳо аз ту мегурезанд.
- Охир, ин париҳо мисли мо мусалмонанд, холаҷон.
- Ман туро имрӯз пеши эшонбобои деҳа мебарам. Як туро хонда, асабҳоятро ором созанд.
Эшони Каримҷон ӯро дидан замон гуфт, ки ин духтар танҳо нест.
- Ба ин духтар парӣ ёр шудааст. Фақат ба муъҷизаи худованд умед бандед. То он қувваҳо ӯро раҳо насозанд, сиҳат шуданаш ба гумон аст.
Меҳринисо баъди аз назди Эшони Каримҷон баромадан дилаш ором нагирифта, ҷиянашро ба назди як фолбини зӯр, ки таърифаш тамоми дунёро гирифтааст, бурд. Ин зани фолбин барои фолкушоӣ дар пиёла обу оинаву пахтаву тасбеҳро гирифта оварду момову муаккалҳояшро бо садои баланд фарёд задан гирифт. Ҳар боре, ки Муҳаббати фолбин Авлон-парӣ, Кабуд-момо мегуфт, Мавлуда як қад парида, мисли саг уллос мекашид.
Меҳринисо тарсида, дастони Мавлударо сахт фишурд. Муҳаббати фолбинро ҳама мегуфтанд, ки илми кашмириро аз худ карда, илми ғайбро аз худ кардааст. Муҳаббат пир гирифта, илми кашмириро медонист. Ҳатто Меҳринисо шунида буд, ки агар дуоеро хонда ба оби равон суф кунад, об чапана ҷорӣ мешудааст. Агар ба одам куф кунад, хислати ӯро ба гову хар, хуку шағол, гурбаву саг гардонида метавонад, агар пеши роҳи касеро бубандад, безурёт мемондааст, агар гарму хунук кунад, зану шавҳар хонавайрон мешудаанд...
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН