Муҳаббат ва интиқом (ҚИСМИ 15)
1150

Ин дам Мавлуда дар таҳхонаи кӯҳнаи ҳавлии бобояш нишаста гиря мекард. Ин таҳхона дуртар аз ҳавлӣ воқеъ буду солҳои охир ба он ҷо касе аз хонавода гузар намекард.

Он субҳ Мавлуда ба берун баромаду падарро бо Аброр дид, ки рӯйи ҳавлӣ истода, чизе паст-паст гап зада, нақша кашида истодаанд.

- Падар, ман имрӯз аз рӯйи шумо ва ин лаънатии ҷӯраатон ба милиса рафта, аризаи шикоятӣ менависам. Медонам, ки модарамро ҳам шумо ба ин ҳол расонидаед. Фақат модарам мегуфт, ки кадом рӯз падарат маро мекушад.

- Ин тавр нагӯй духтарам, туро ба ҳамин ҷавон ба шавҳар медиҳам. Барои дастдарозӣ карданаш туро бо тӯю тамошо ба занӣ мегирад.

Мавлуда тез-тез қадам монда, аз ҳавлӣ баромад. Олим ба Аброр гуфт, ки рафта ӯро дастгир кун, бурда дар таҳхонаи бобояш маҳкам мекунем, то ақлаш даромадан.

Мавлударо Аброр аз бозувонаш дошту бо таҳдид гуфт, ки “чизе гӯям, ҳамонро мекунӣ!”. Мавлуда тарсида чиза нагуфт. Дар таҳхона барояш хӯрок оварда мемонданд. Мавлуда, ки шоҳиди ин ҳама бераҳмиҳои падар буд, мехост рафта аз гулӯяш гирифта, ӯро бӯғӣ карда кушад.

Акнун Мавлуда худ ба худ хандида рақс мекарду якбора механдиду баъди сонияе гиря мекард. Падар гумон кард, ки духтараш аз ақл бегона гардидааст. Ба Аброр гуфт, ки акнун чӣ кор мекунанд?

- Ин духтари девонаи ту ба ман ҳам даркор нест!

- Пас ӯро ҳамин ҷо то ба худ омаданаш нигоҳ медорем.

- Баъд чӣ? Охир агар ягон кас дарак ёбад, ки ману ту ӯро дуздида, ин ҷо маҳкам кардаем, моро маҳбас мекунанд.

- Касе намефаҳмад. Ба ин ҷо солҳо боз касе намедарояд.

- Ман дигар кор надорам, пули маро ёфта деҳ.

Олиму Аброр хеле муноқиша карданду Олим бо санги вазнине се бор ба сари Аброр фароварду ӯ ба замин афтод. Олим аз хуни сари ӯ тарсида, ба Мавлуда гуфт, ки хомӯш шавад, набошад ӯро ҳам мекушад.

Мавлуда ба падари қотилаш нигариста, аз гап монд. Олим ҷасади Аброрро аз таҳхона шабона бароварда бурда дар адири беодам партофта омад. Мехост духтарашро аз таҳхона раҳо созад, аммо боз метарсид, ки ҳама сирру асрорашро ба кормандони милиса мегӯяду ӯро ҳабс мекунанд. Дилаш намешуд, ки духтарашро зарар расонад.

Меҳринисо ҳамоно Мавлударо ҷустуҷӯ мекард. Дилаш гувоҳӣ медод, ки Мавлуда дар ҳамин наздикиҳо аст. Хоб медид, ки Мавлуда “хола” гуфта, ӯро нидо дорад.

Мавлуда шабҳо худ ба худ гап зада, то субҳ мерақсид. Худро гум карда буд.

Бегоҳие Меҳринисо аз паси язнааш оҳиста поида-поида омаду дид, ки ӯ ба таҳхонаи кӯҳна фаромад. Баъди ним соат аз он ҷо дар даст зарфи холии хӯроку шишаи беоб баромад. Шаб баъди хобидани хонагиҳо Меҳринисо ба тарафи таҳхона рафт. Ба дохилаш даромаду Мавлудаи мӯйҳояш ношуставу парешонро дид, ки рақсида, суруд мехонд.

- Ваҳ, ҷони хола, ки туро ба ин ҳол овард?

- Ту кистӣ? Рав аз ин ҷо,- ӯро нашинохта пеш карданӣ шуд Мавлуда.

Меҳринисо аз дидани Мавлудаи ақлбохта ба даҳшат афтоду давида рафта ӯро ба оғӯш кашид. Аммо Мавлуда ҳамоно ӯро аз худ тела дода, мегуфт, ки аз ин ҷо дафъ шавад. Меҳринисо ӯро кашолакунон ба кӯча баровард. То ба хона овардан Мавлуда ӯро пучида-пучида танашро кабуд кард. Дод мезад, ки ӯро сар диҳад.

Падари Меҳринисо аз ёфт шудани наберааш чунон хурсанд шуд, ки ашк аз чашмонаш равона гардида, ӯро гаштаву баргашта ба оғӯш мегирифт. Олим хоболуд аз ҷойгаҳаш бархоста, ҳаросон ба духтараш менигарист. Метарсид, ки сирраш фош мешаваду ӯро ба суд медиҳанд. Аммо Мавлуда ӯро нашинохта, ҳамоно дод мезад, ки онҳоро намешиносаду раҳояш созанд, то баргардад.

Меҳринисо ин лаҳза ба Олим чизе нагуфта, ба падар гуфт, ки Мавлуда паривара аст ва ӯро бурда чилёсин хондан лозим аст. Аммо дар дилаш нақша мекашид, ки ба таври пинҳонӣ аз язнааш интиқом мегирад. Чунки агар ҳозир сирри язнаашро фош кунад, онгаҳ ин бадаъмол ӯро мекушад. Чунки одаме, ки ба духтари худ раҳм накардааст, магар ба хоҳари ҳамсараш раҳм мекунад? Барои ҳамин худро нодон нишон дода, хомӯширо авлотар донисту ба падар чунин нақл кард:

- Падарҷон, ман шабона хобе дидаму ба берун баромадам. Дар хобам ҳавлии кӯҳнаро дидам, ки ба замин фурӯ рафтааст. Барои ҳамин хобам набурду ба он ҳавлӣ даромадам. Аммо садои паст-пасти нолиши касе ба гӯшам расиду ба таҳхона фаромадам. Даромадаму Мавлудаҷонро дидам. Шояд париҳояш ӯро ба он ҷо бурда бошанд...

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД