Муҳаббат ва интиқом (ҚИСМИ 6)
785

Меҳринисо саҳифаҳои аввали дафтарро хонда, рӯҳ мегирифт. Давраи ҷавонӣ, ишқи нахустин ба хотири хонанда мерасид. Дугонаҳои Зебунисо барои дугонаашон таманнову рубоиётҳои зиёде навишта буданд.

… Маро чун қатраи ашке зи чашм андохтӣ, рафтӣ... Вақти навиштани ин сатрҳо дилам ба дараҷае дард мекунад, ки гумон мекунам тайёр аст, аз қафаси сина барояду нола кунад. Олим вақтҳои охир мисли саги даранда гашта, тайёр аст маро барои кори ночизе пора-пора созад. Дар вақташ модарам насиҳат карда буд. Бовар накарда будам. Падари Олим вақти арақнӯшӣ мемирад. Акнун навбати писараш аст, ки доимо бо ману фарзандонаш қасам хӯрда, қимор бозӣ мекунад. Оқибати ҳамаи ин чӣ мешуда бошад? Намедонам…

Ҳамин вақт ба утоқи Меҳринисо оҳиста, нӯг-нӯги по Олим даромада омаду аз паси Меҳринисо рост истода, гуфт:

- Ҳа Меҳриҷон, боз аз хонаи ман дуздиро сар кардӣ? Кӣ ба ту иҷозат дод, ки чизҳои маро кобӣ?

Меҳринисо гашта ба пасаш нигаристу тарсида, қариб дод гӯяд, аммо тарсашро пинҳон карданӣ шуда, гуфт:

- Язна, ман медонистам, ки аз синни 16-солагӣ апаам дафтари хотираи худро кушода буд. Барои ҳамин бе иҷозат ҷомадони шуморо кофта, дафтари ӯро гирифтам. Ин барои ёфтани апаам сахт кумак мекунад.

- Канӣ, дафтарро ин ҷо деҳ, ман ҳатто дилам нашуд, ки саҳифае аз он гардонаму хонам. Ту бошӣ, бе иҷозат ба либосҳои ман даст задӣ. Фикр намекунӣ, ки шояд ман дар ҷомадонам пули калон дошта бошам ва агар гум шавад, метавонам туро гунаҳкор созам!?,- ӯ бо зӯрӣ чанг зада аз дасти Меҳринисо дафтарро гирифту баромада рафт.

Меҳринисо пайхас кард, ки зери коса нимкосаест. Агар не, пас чаро Олим ин қадар бо дидани дафтар ҳаросид? Хост, ки ба дугонааш занг зада, дар ин бора хабар диҳад, аммо боз фикр кард, ки онгаҳ омада язнаашро дастгир карда мебаранд ва падари зудбовараш ӯро мавриди коҳишу маломат қарор медиҳад. Беҳтараш худаш аз паси язнааш назорат бурда, ҳама сирру асрори ӯро фаҳмида мегираду далел ҷамъ мекунад.

Боре ба падар яке аз хешовандонаш гуфт, ки дар шаҳр гӯё Зебунисоро дида бошад.

- Э нее,- охир, агар духтаракам зинда мебуд, меомад, ақаллан фикри ду фарзандашро мекард.

- Бо ду чашми биноям дидаму ба сӯяш рафтам. Аммо ӯ маро дидан замон гурехт,- нақл кард ин мард.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД