Вақте духтурон ба Кэнг Сяои 24-сола гуфтанд, ки ҳамагӣ як соли дигар умр дорад, дунё дар назараш торик шуд. Гурдаҳояш аз кор монда буданд ва барои зинда мондан ба пайванди гурда ниёз дошт. Аммо гурӯҳи хуни ягон нафар аз наздиконаш мувофиқ наомад.
Соли 2013 Кэнг дар интернет паёми ғайриодие нашр кард: «Ман фақат мехоҳам зиндагӣ кунам».
Ӯ мардеро меҷуст, ки гирифтори бемории табобатнашаванда бошад ва розӣ шавад, ки баъди маргаш гурдаашро ба ӯ бубахшад. Дар иваз ваъда медод, ки то охирин лаҳзаҳои умр парастораш мешавад. Ба ин паём Ю Сзянпини 27-сола посух дод. Ӯ гирифтори саратони хун буд. Беморӣ баъди ҷарроҳии пайванди мағзи устухон дубора авҷ гирифта, умедашро ба зиндагӣ қариб аз байн бурда буд.
«Ман метавонам бо ту издивоҷ кунам», - навишт Ю.
Онҳо вохӯрданд ва зуд ба ҳамдигар унс гирифтанд. Кэнг ҳатто ҳангоми диализ бо Ю шӯхӣ мекард. Ю баъдтар иқрор шуд, ки кайҳо боз чунин самимона нахандидa буд.
16 июли соли 2013 онҳо расман издивоҷ карданд. Мувофиқи созиш, бояд зиндагии мустақилона дошта бошанд ва издивоҷашонро пинҳон нигоҳ доранд. Кэнг инчунин ваъда дод, ки баъди марги Ю аз падари пираш нигоҳубин мекунад.
Аммо зиндагӣ нақшаҳои дигар дошт.
Кэнг шавҳарашро ба беморхона мебурд, Ю бошад, баъди диализ барои ҳамсараш хӯрок мепухт. Ғамхории ду инсони бемор тадриҷан ба муҳаббати ҳақиқӣ табдил ёфт.
Вақте Ю ба ҷарроҳии навбатии гаронбаҳо ниёз пайдо кард, Кэнг дар кӯча дӯкони гулфурӯшӣ кушод. Дар паҳлӯи гулҳо қиссаи зиндагии онҳоро гузошт.
Мардум аз сарнавишти ин ҷуфт огоҳ шуда, ба кумак шитофтанд. Кэнг тавонист тақрибан 500 ҳазор юан (беш аз 90 ҳазор доллар) ҷамъ оварад ва хароҷоти ҷарроҳии шавҳарашро пардохт кунад. Пас аз ҷарроҳӣ вазъи Ю рӯ ба беҳбудӣ овард. Саломатии Кэнг низ беҳтар шуд ва табибон эҳтимол доданд, ки дигар ба пайванди гурда ниёз нахоҳад дошт.
Моҳи феврали соли 2015 онҳо бо иштироки пайвандон тӯйи ҳақиқӣ барпо карданд. Тибқи ин қисса, имрӯз ин ҷуфт дар шаҳри Сиани Чин мағозаи гулфурӯшии «Yongsheng Flower»-ро идора мекунанд.
Онҳо якдигарро ба умеди наҷот ёфтан пайдо карданд, вале аз зиндагӣ ҳадяи бузургтар - муҳаббатро гирифтанд, зеро баъзан муҳаббат дардро аз байн намебарад, аммо ба инсон нерӯ мебахшад, ки бо дард мубориза барад ва аз зиндагӣ ноумед нашавад.