Мавҷуда Султонова , муаллимаи муассисаи таълимии №7-и ноҳияи Ҷайҳун бо дастгирии бевоситаи раиси ноҳия Абдулҳафиз Одиназода соҳиби манзили нави замонавӣ гашт. Дар ин бора аз шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун хабар додаанд.
Тавре ки Умед Эшонзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат бо журналистон гуфтааст, манзили истиқоматии Мавҷуда Султонова, омӯзгори муассисаи таълимии рақами 7 ба таъмири ҷиддӣ ниёз дошта, муаллима дар шароити душвор умр ба сар мебурд.
Султонова дар рӯзи қабули шаҳрвандон ба Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳун муроҷиат карда, дар ҳалли ин масъала кӯмак пурсидааст.
Аз муроҷиати омӯзгор ҳанӯз як сол нагузашта, бо дастури роҳбарияти ноҳия барои Мавҷуда Султонова хонаи нави замонавӣ бунёд намуданд, ки дорои се ҳуҷра ва шароитҳои хуби зиндагӣ аст.
Дар ин бора Пресса. ТЧ хабар дода менависад, ки ин таҷриба дар вилояти Хатлон ҳанӯз собиқаи кам дорад.
Ба иттилоъи манбаъ, дар соли 2023 дар маҷмӯз 47 нафар омӯзгорон дар ноҳияи Ҷайҳун бо қитъаи замин барои бунёди хона таъмин карда шудаанд.
Қобили зикр аст, ки 9 нафар омӯзгороне, ки аз Бадахшон омада буданд, аллакай соҳиби замин гаштаанд. Роҳбарияти ноҳияи Ҷайҳун тасмим дорад, ки дар оянда низ омӯзгоронро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, бо қитъаи замин барои бунёди хона таъмин намояд.