Муҳаммад падарашро ёфт...
400

Дар бемористони “Якум Советский” дар палатаи №1 ҳамроҳи мӯйсафеди 81-сола бобои Иззат табобат мегирифтем. Дари ҳуҷраро касе заду пурсид:

- Ахмедов дар ҳамин ҷо хобанд?

Ман, ки исмам дар шиноснома ҳамин тавр аст, дар ҷавоб “ҳа” гуфтам. Дарро боз карда, дар рӯ ба рӯи худ ҷавони тақрибан 18-20 солаеро дидам, ки зоҳиран ба донишҷӯ монанд буд. Ӯ бо диққат ба ман нигоҳ карда истоду баъд пусид:

- Шумо падари ман?

Гумон кардам, ки ӯ шӯхӣ мекунад ва дар ҷавоб гуфтам:

- Ман падари бисёриҳо ҳастам. Номи ту чист?

- Муҳаммад...

Ҳайратам бештар шуду гуфтам:

- Ман Муҳамад ном писар дорам, вале ӯ нисбати ту хурдтар аст...

Ҷавон дар ҷавоб гуфт, ки ба фикраш падари ӯ низ аз ман ҷавонтар аст ва дар дусолагӣ ӯро гум кардаасту акнун меҷӯяд. Аз суҳбати минбаъда маълум шуд, ки падару модараш аз ҳам ҷудо шуда, Муҳаммад падари худро то ин дам намешинохтааст ва модар ӯро бузург карда будааст. Аз вай пурсидам, ки чаро то ин дам суроғи ӯро накарду акнун ёди падар мекунад? Дар ҷавоб гуфт, ки ким-кадом хеши падараш телефони ӯро ёфта, ба Муҳаммад гуфтааст, ки падараш инсулт ё ба ҳамин монанд беморӣ гирифтор шудааст. Ҳоло мехоҳад ӯро бинад. Касе ҳам гуфтааст, ки ӯ дар бемористони “Якум советский”, ё дар бемористони “Қарияи боло”, дар шӯъбаи бемориҳои асаб хобидааст. Чун дар руйхати ин дармонгоҳ фамилияи ӯро дидааст, ба ин ҷо баромадааст, то ӯро бинад, аммо ба ҷои вай танҳо ҳамфамилияашро дидааст...

Телефонашро гирифтаму гуфтам, ки агар падарашро ёбад, ҳатман хабар диҳад. Дирӯз ба вай занг зада, натиҷаи кофтуковашро пурсидам. Ӯ дар ҷавоб гуфт: “Бале, падарамро ёфтам ва ба наздикӣ дар бораи зиндагиномаи ӯ ва худам ба шумо нақл хоҳам кард...”.

Мо интизори суҳбати туем, Муҳаммад!

А. АҲМАДЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД