sebiston july new
Мухлисони Сабринаи Назрӣ аз мухлисони Шабнами Сурайё зиёдтаранд?
994


Барон аз Абдурозиқ машҳуртар аст?
Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати Фарҳанги ҶТ ва ташкилоти ҷамъиятии Маркази таҳқиқоти сотсиологии “Зеркало” давоми соли 2022 таҳқиқот ва пурсишҳои зиёдро анҷом доданд.

Мавзӯҳои асосии таҳқиқот инҳо буданд:
Истифодаи воситаи ахбори омма аз ҷониби аҳолӣ, аз ҷумла шабакаҳои телевизионӣ (ватанӣ ва маҳаллӣ)
                      Радиоҳо
Нашрияҳои чопӣ аз ҷумла ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ.
Сомонаҳои интрнетӣ-аз ҷумла сомонаҳои оҷонсиҳои иттилоотӣ, торномаҳои тафреҳӣ ва порталҳои тарғиботӣ.
Шабкаҳои иҷтимоӣ.
                         Мессенҷерҳо
Муайян намудани симои фаъоли корбарони ВАО
Намояҳои (профилҳо) афзалиятдоштаи ВАО ва ғайра...
Ташкилоту идораҳои номбурда иштироки зиёди таҳқиқчиён дар кишвар пурсиш гузарониданд, ки ҷавоби он дар шакли инфаграфика ва диограмма нишон дода шудааст.
             Аз Барон то Меҳрнигори Рустам
Яке аз мавзӯъҳои таҳқиқоти сотсионлогии “Зерколо” посух ҷустан ба саволи “Кадом блогерони тоҷикро медонед?” буд. Ин пурсиши сар то сарӣ муайян кард, ки бештари одамон ба сифати блогер саъаткоронро мешиносанд. Дар посух ба пурсиши давоми соли 2022 анҷомёфта “Кадом блогерони тоҷикро медонед?” 36,4%-и мардум БАРОН-ро ном гирифтаанд. Абдурозиқ, ки зоҳиран аз ҳама машҳуртар менамуд, дар ҷойи дуюм буда, танҳо 28,8%-и пурсидашудагон номашро ба забон гирифтаанд.

photo_2023-01-06_00-29-58

Ҳамин тавр дар инфаграфикае, ки ин марказ нашр кардааст, ному насаби 11 блогери шинохта, ки пурсидашудагон “мешиносем” гуфтаанд дарҷ гардидааст. Аз ин шумора ҳамагӣ 4 нафар мард ва 7 нафарашон занонанд. Аз ин бармеояд, ки занҳо дар ҷодаи блогерӣ нисбат ба мардҳо пешсафанд. Аҷибаш он аст, ки номи Сабринаи Назриро дар ин пурсиш аз ситораи дурахшонтарини эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё бештар ба забон гирифтаанд. Сабрина дар зинаи 3 ва Шабнам дар зинаи 4 қарор дорад.
Барои эътимоди хонандаи азизи сомона инфаграфикаро меорем:

Ёдовар мешавем, ки солҳои охир фазои иттилоотиро сомонаҳои иҷтимоӣ фаро гирифта, ба қавле мардумро гирифтори “бемории интернет” гардонидаанд. Сари ҳар қадам блогер пайдо мешавад ва чанде пеш аз боздошти блогерони ҲОДИСА ТВ гузориш дода будем. Имрӯз бештари блогерони мо суйистифода аз “минбар”-ашон карда аз қаллобӣ ба истилоҳ “ГИВ”, фотошоп (дар мисоли ду блогери Ҳодиса тв), паҳн кардани маводи хусусияти шаҳвонидошта барои зиёд кардани обуначиҳо, тақдилкориҳои бемазмуну бемаънӣ барои ҷалбӣ аудиторияшон ва ғайра даст мезананд.

Блогероне, ки ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва муҳим сарукор доранд ва дар саҳифаҳои худ чунин маводҳоро ҷой мекунанд, мутассифона мардум онҳоро камтар мешиносанд.аз ин рӯи номи ягон нафари онҳо дар ҷавоби пурсиши
“кадом блогерони тоҷикро медонед?” гирифта нашудааст.

Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД