Commerc banl
Мулоқоти Абдуллозода бо роҳбари ТИКА дар Тоҷикистон доир гардид
27.02.2026
Oila.tj
77

Имрӯз, 27-уми феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТИКА) ҷаноби Иброҳим Этҳем Унал доир гашт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар мулоқот муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ, сардорони як қатор раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат иштирок кардаанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳамкориҳои судманди вазорат бо намояндагии Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (ТИКА) дар Тоҷикистон изҳори қаноматмандӣ карда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа ба он ҷониб изҳори миннатдорӣ намудааст.

Гуфта шудааст, ки Ҷумҳурии Туркия дар самти рушди низоми тандурустӣ, бахусус ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва идоракунии муосир таҷрибаи ғанӣ дорад. Ҳамзамон, имкониятҳои ин кишвар дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои тиббӣ ва таъмин намудани дастрасии иттилоотӣ ба аҳолӣ хеле пешрафта буда, намунаи ибрат мебошанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои рақамикунонии соҳаи тандурустӣ, омӯзонидани мутахассисони тоҷик дар кишвари Туркия ва бо ин васила ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат дар тиби мамлакат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯи судманд анҷом додаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД