Arzon march 2024
Мулоқоти вазири маориф бо донишҷӯёни тоҷик дар Лондон
188

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар дар Британияи Кабир бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Лондон таҳсил мекунанд, мулоқот намуд.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, вазир бо шароити буду бош ва таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Лондон ошно шуда, бо ин ҷавонони ташнаи илму дониш дар боби иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Британияи Кабир, стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва риояи тартибот дар давлатҳои хориҷӣ сӯҳбат намудааст.

Саидзода аз дастовардҳои донишҷӯён дар хориҷи кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кардааст, ки донишҷӯёни тоҷик дар байни шаҳрвандони хориҷӣ тибқи мониторинге, ки аз ҷониби муасисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ гузаронида шудааст, дар азхудкунии барномаҳои таълимӣ мақоми аввалро соҳиб гардидаанд, ки ин мояи ифтихор аст.

Эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани мавқеъ ва обрӯи давлату миллат дар хориҷи кишвар ва нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти вазири маориф бо донишҷӯён буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД