Arzon march 2024
Муҳоҷир, устои мошин ва рэпсаро
14.04.2024
ОИЛА
667


Чанд соли охир бо шарофати дастрас шудани интернет ба аҳолӣ, рэп дар ҷумҳурии мо то андозае ҳаводори худро пайдову рэпсароён маъруф шуданд.

Ҳоло рэпсароён дар маросимҳои ҷоизасупорӣ, дар консертҳо, дар намоишҳо ва ҳатто дар радаи аввали сомонаҳои мусиқӣ қарор доранд. Мардум, махсусан ҷавонон ин навъи санъатро хуш пазируфта, иҷрокунандагони мақбули худро доранд. Мавзӯи аслии рэпи тоҷикӣ ишқ аст. Албатта, мавзуъҳои модар, ғарибӣ, зиндагӣ ва ғайраҳо ҳам хеле зиёданд, аммо дар марказ тасвири ишқ меистад ва қисми зиёди шунавандагон рэпҳои ошиқиро гӯш мекунанд.

Ҳамчунин, рэп ба мо эҷодкорони зиёдро муаррифӣ кард, ки ҳам эҷод мекунанд ва ҳам месароянд. Яке аз чунинҳо Сиёвуш Қурбонов мебошад, ки бо тахаллуси C.ONE шинохта шудааст.

Дар маркази эҷоди C.ONE низ мавзӯи ишқ меистад. Ӯ бо услуби тамоман нав ба майдон омада, дар муддати кӯтоҳ миллионҳо шунавандаро ба рэпҳои худ ҷалб сохт. Рэпҳои “Зебо”, “Қаландар-2”, “Селяви”, “Ламбо”, “Инстакаралева”, “Гумкардароҳе”, “Кабӯтари сиёҳ” ва ғайраҳо аз ҷумлаи беҳтарин маҳсули эҷоди ӯ ҳастанд, ки миллионҳо шунаванда пайдо кардаанд.

Миёни рэпсароён C.ONE яке аз маъруфтаринҳост ва аз ин сабаб фикр мекунем, ки чӣ гуна рӯзгор доштанаш қабл аз шуҳратёбии ӯ барои шунавандагони бешумораш ҷолиб хоҳад буд.

Ба нақли худи Сиёвуш ӯ аз 10-солагӣ шеър менавишт ва ҳамон вақт дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” номашро C.ONE монда буд. Дар синни 14-солагӣ вақте ки аввалин рэпашро навишта, сабт намуд, волидонаш бо кадом тахаллус рэп хонданашро пурсиданд ва ӯ яку якбора C.ONE гуфт.

-Дар аввал ба машҳур шудан бовар доштам, вале то ин андоза не. Ман мақсади муайян доштам ва барои ба он расидан кӯшиш менамудам ва шукр, ки аз вақти ҷудонамудаам дида, зудтар ба хостаҳоям расидам. Бояд бигӯям, ки ин натиҷаи ниҳоӣ нест ва дар солҳои оянда боз ҳам зиёдтар кӯшишу ҳаракат мекунам, - нақл мекунад ӯ.

Номбурда пеш аз машҳур шуданашро чунин шарҳ медиҳад:

- Соли 2017 бо мақсади кор ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия рафта будам. Он ҷо аввал ба ҳайси пешхизмат кор кардам ва бо сабабҳои зиёд маро аз кор пеш карданд. Баъдан тӯли 3-4 моҳ дар назди устои мошине шогирд истода, он касбро омӯхтам. Ҳамин тавр, чанд муддат кор кардам ва ҳоло ҳам гуфта метавонам, ки ба ғайр аз рэпсароӣ ҳунари дигарам устои мошин аст. Аммо баъдан фаҳмидам, ки кори сиёҳ барои ман нест ва ба Ватан баргаштам. Соли 2019 як “баттл”-и ман хеле машҳур шуд. Пасон, рэпҳои зиёд бо намоҳангҳояшон нашр кардам, ки мардум услуби навро хеле хуб қабул карданд. Фикр мекунам, ки сабаби аввали маъруфиятам агар кӯшишу заҳмати худам бошад, пас дуюм, роҳнамоӣ ва дастгирии Беҳрӯз Набиев (Барон) ҳам нақши калидӣ дорад. Зеро аввал намоҳангҳои ман дар ютубканали ӯ миллионҳо бинанда пайдо карданд ва пасон ман дар канали худам гузоштанро оғоз намудам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД