arzon replenishment
Муҳоҷири тоҷикро барои лату кӯби зани русаш ҳабс карданд
882


Иддае аз мардони тоҷик ҳамин ки ба Русия рафтанд, зан гирифта, худро шоҳу табъашонро вазир мепиндоранд ва оламу одамро фаромӯш мекунанд.

Кормандони пулис дар Русия яке аз чунин муҳоҷирони тоҷикро барои лату кӯби зани русаш боздошт намудаанд...
Ҳодиса шаби 4 декабр, тақрибан соатҳои 00:10 сар зада, як зани сокини кӯчаи Операторҳо ба шуъбаи пулиси ноҳияи Всеволожски вилояти Ленинград хабар додааст, ки марди ҳамсояашон зану фарзандашро бераҳмона латтукӯб карда истодааст ва аз хонаи онҳо садои доду фарёд ва гиряву нола ба гӯш мерасад.

Кормандони пулис аллакай баъди 6 дақиқа ба ҷои ҳодиса расида, як марди 31-солаи зодаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Кормандони пулис гуфтаанд, ин марди муҳоҷир “дар заминаи муносибатҳои бадбинона” бо ҳамсари 39-солааш, ки шаҳрванди Русия будааст, муноқиша карда, ӯро зери мушту лагат гирифтааст.

Ҷабрдидаро дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ кардаанд ва табибон мегӯянд зан осеби мағзу косахонаи сар бардошта, ҳамчунин аз қафаси сина, сар ва дасту пояш низ ҷароҳатҳо бардоштааст.

Тавре ки Бомдод менависад, муҳоҷири тоҷикро ба ҳабс гирифтаанд ва ба ӯ барои расондани осеб ба саломатии ҳамсараш аз 3 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД