formula55
Муҳоҷиронро аз Подмосковье меронанд?
4263

 Куштори кампири рус ба сари муҳоҷирон бало овард

Мардуми тоҷик мақоли дағале доранд: “Як гови ри*ин як подаро меолонад!” Дар ҳақиқат рафтори аблаҳонаи як одами бехирад ва золиме аз кӯчаи одаму одамгарӣ нагузашта метавонад боиси зарар дидани даҳҳо ва ҳатто садҳо афроди бегуноҳ гардад. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳодисаи нохуши дар деҳаи Бужаниновои Подмосковье ба сари муҳоҷирони меҳнатӣ омада аст.

Таҷовуз ва куштори бераҳмонаи як пиразани 65-солаи рус дар деҳаи Бужаниново боиси ба муқобили муҳоҷирони меҳнатӣ шӯридани мардуми маҳаллӣ гашт. Ҳамдеҳагонаш аз марҳум Наталя Ивановна ҳамчун як зани бисёр меҳрубон ва хоксор ёд карда мегӯянд, кампирак барои чидани занбурӯғ ба ҷангал рафта, дигар ба хона барнагаштааст. Пайвандонаш пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ҷасади ба хоку хун оғӯштаи пиразанро аз як пайроҳаи хилват дар ҷангал пайдо намудаанд. Ташхис нишон додааст, ки зани пиронсол аввал мавриди таҷовуз қарор гирифта, баъдан ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст.

Кормандони пулис ду муҳоҷири меҳнатиро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷинояти вазнин дастгир намуданд ва маҳз ҳамин чиз боис гашт, ки мардуми маҳаллӣ муқобили муҳоҷирон бишӯранд. Дар ҳамин деҳа заводи “Экоокна” фаъолият менамояд, ки 40%-и кормандонашро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд. Хобгоҳи муҳоҷирон каме дуртар аз худи завод ҷойгир аст.
Пас аз куштори бераҳмонаи кампири 65-сола тамоми аҳли деҳа ба по бархоста аз мақомоти маҳаллӣ талаб карданд, ки муҳоҷирон аз ин ҷо ронда шаванд.

Кӯшишиҳои намояндагони мақомоти маҳаллӣ барои фаҳмондани он ки кормандони ин завод ба куштори Наталя Ивановна ҳеҷ алоқамандӣ надоранд, ягон натиҷа надода, издиҳоми мардум ду пояшонро ба як мӯза андохта талаб мекарданд, ки муҳоҷирон аз ин минтақа ва умуман аз кишвар ронда шаванд, вагарна оқибаташ бисёр бад хоҳад шуд.

Билохира, роҳбарияти корхона маҷбур шуд, ки кормандони муҳоҷири худро ба хобгоҳи дигар кӯчонад.
Ногуфта намонад, ки қаблан байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва мардуми маҳаллӣ ягон нофаҳмӣ рӯй надода буд, бар замми ин, духтари марҳум Наталя Ивановна дар ҳамин завод кор мекунад ва дар ҷустуҷӯву пайдо кардани ҷасади модараш яке аз муҳоҷирон, ки бо аҳли ин хонавода муносибатҳои дӯстона доштааст, ёрӣ расонидааст, аммо мардуми ба шӯр омада ин ҳамаро нодида гирифта, оташи кинаву адоват нисбати муҳоҷирон дар дилҳояшон ҳеҷ хомӯш намешавад.
Ин ҳодиса дар дили муҳоҷирон ҳисси тарсу ҳаросро бедор кардааст ва акнун онҳо аз баромадан ба кӯча метарсанд, зеро касе кафолат дода наметавонад, ки баъди кӯчидан ба хобгоҳи нав онҳо аз оташи қаҳру ғазаб ва кинаву адовати мардуми маҳаллӣ дар амон мемонанд.

Ин хабар дар расонаҳои русӣ вокунишҳои зиёдро дар пай дошт ва аксари русзабонҳо назари сокинони деҳаи Бужаниноваро дар ин масъала дастгирӣ намуда, ба муҳоҷирони меҳнатӣ баҳои манфӣ додаанд.
Ин муҳоҷирбадбинии русҳо дар ҳолест, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик чандин кӯдакони русро аз ғарқшавӣ, сӯхтор ва дигар фалокатҳо наҷот дода буданд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҷоннисорӣ муҳоҷирони далеру шуҷоъро бо ифтихорнома ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ намуда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД