Arzon march 2024
Муолиҷаи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ройгон аст!
286

 

"Сатҳи огоҳии шахсоне, ки ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, нисбат ба ин мавзӯъ паст аст. Барои ҳалли ин мушкил мо корро бо сохторҳои марбутаи Федератсияи Русия ба роҳ мондаем.

Оиди пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ қарори Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ дар ин самт ба имзо расидааст. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки бо вуҷуди зиёд будани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, махсусан дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки яке аз гурӯҳҳои осебпазир маҳсуб меёбанд, то ҳанӯз сатҳи огоҳӣ ва маърифатнокии мардум нокифоя аст.”

photo_2023-03-16_15-49-00

Ин нуктаро Зиёвуддин Авғонов, котиби Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии ВНМО, бемории сил ва вараҷа, дар мизи гирд, ки ба баррасии натиҷаҳои лоиҳаи «Мо зери як офтобем», ки ба фароҳам овардани муҳити мусоиди иҷтимоии доғгузорӣ ва табъизро нисбати шахсони мубталои сирояти ВНМО (ШВЗ) истиснокунанда равона гардидааст, баргузор гардид.

Дар рафти чорабинии имрӯза иштирокчиён дар бораи натиҷаҳои лоиҳаи “Мо зери як офтобем”, маъракаи иттилоотонӣ барои паст кардани табъиз ва доғгузорӣ нисбати ШВЗ ва “Роҳнамо оид ба таъмини муносибати маҷмўии байнисоҳавӣ дар рафти хизматрасониҳои тиббӣ ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда дар шароити пандемияи COVID-19» маълумот гирифтанд. Инчунин қайд гардид, ки ТҶҶ “Афиф” тӯли 20 сол баҳри пешгирии бемориҳо ва таҳкими иқтидори шарикон фаъолият мебарад.

Таҳмина Ҳайдарова, роҳбари Шабакаи тоҷикистонии занони бо ВНМО зиндагикунанда дар суханронии хеш қайд кард, ки 12 сол аст, ки дар ин самт фаъолият мекунад ва ҳамавақт аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Афиф” дастгирӣ меёбад. Ҳамчунин номбурда аз таҳия ва пешниҳоди “Роҳнамо оид ба таъмини муносибати маҷмўии байнисоҳавӣ дар рафти хизматрасониҳои тиббӣ ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда дар шароити пандемияи COVID-19», ки дар ин чорабинӣ дастрасӣ иштирокчиён гардид, изҳори хушҳолӣ намуда, онро як суфлёр ва осонкунандаи кор дар ин самт номид.

photo_2023-03-16_15-49-09 

Чорабинии имрӯза дар арафаи 20 –умин солгарди фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Афиф” дар меҳмонхонаи Сирена баргузор гашт, ки дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ, роҳбарони марказҳои пешгирии бемории ВНМО, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ҳамчунин рӯзноманигорон аз шаҳру ноҳияҳои гуногун иштирок доштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД