Каду сабзавоти хеле фоиданок буда, дорои витаминҳо ва моддаҳои ғизоии зиёд мебошад. Он барои саломатии инсон бисёр муфид аст.
Аз каду таомҳои гуногун, аз ҷумла самбӯса, шӯрбо, хӯриш, шириниҳо, торт ва ҳатто мураббо тайёр мекунанд. Барои омода кардани мураббои кадугӣ чунин маҳсулот лозим мешавад: 1 дона кадуи калон, 4 кг шакар, 2 қошуқ ҷавҳари лимӯ, ду дона ванилин.
Тарзи таҳия: кадуро пӯст карда, донаҳояшро ҷудо намоед. Онро аз турбтарошак гузаронед ё ба пораҳои майда реза кунед. Кадуи тарошидаро ба зарфи сирдор андохта, бо шакар хуб омехта кунед. Омехтаро 10-12 соат нигоҳ доред (беҳтараш шабона). Саҳар зарфро ба оташ гузошта, дар оташи миёна пазед. Ҳангоми пухтан зуд-зуд омехта кунед, то ки тагаш насӯзад. Дар охир ҷавҳари лимӯро илова намуда, боз чанд дақиқа ҷӯшонед. Ба он барои хушбӯй шуданаш ванилин илова намоед. Мураббои тайёрро ба бонкаҳои тоза рехта, маҳкам кунед.
Мураббои каду хеле болаззат, хушбӯй ва барои саломатӣ фоиданок аст. Ҳарчанд баъзеҳо самбӯсаи кадугиро дӯст намедоранд, аммо мураббои каду ба ҳамагон писанд меояд.
Фаромӯш насозед, каду сабзавоти серғизо аст. Он дорои витаминҳои A, B, C, E мебошад. Каду кори дилу рагҳо ва узви ҳозимаро беҳтар мегардонад. Он барои ҷигар ва гурдаҳо муфид буда, масунияти баданро қавӣ месозад. Барои кӯдакон ва калонсолон ғизои солим ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, истеъмоли чунин мурабборо ба шумо тавсия медиҳем.
Абдуғаффор ШОДИЕВ