Маҳсулоти лозима:
1 кг қулфинай, 1 кг шакар, 2 қошуқ шарбати лимӯ.
Тарзи таҳия:
Қулфинайро дар зарфи сирдор гирифта, ба рӯяш шакар пошед ва 6 соат нигоҳ доред. Дар ин муддат қулфинай об ҷудо мекунад. Баъдан зарфро дар оташи паст гузошта, бо қошуқи чӯбин каме кофта истед. Қулфинайро аз лаҳзаи ба ҷӯш омаданаш 5 дақиқа ҷӯшонед ва кафкашро гиред. Мураббои пухтаро аз рӯи оташ гирифта, то хунук шуданаш бо матои тоза пӯшонед ва 10 соат нигоҳ доред.