arzon replenishment
МУРДААТ ДАР КӮЧА МОНАД ҲАМ, ТУРО СОҲИБӢ НАМЕКУНЕМ!
09.06.2020
Р. Азимӣ
3279

 

Ман як зани ҷафодидаи дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрону парешонгашта ҳастам. Дарди диламро ба шумо қисса намуда, ба шавҳари даъюсу номардам, ки думболи фоҳишаеро гирифта, маро фаромӯш кардааст, гуфтан мехоҳам:

Бобоҷон! Чаро якбора зану фарзанд ва хонаву даратро тарк намуда, думболи як фоҳишаро гирифтӣ? Бо чунин “корнамоӣ” чиро собит кардан мехоҳӣ? Худатро “марди ҳақиқӣ” мешуморӣ ё занҷаллоб шудаӣ? Аслан ту марди баномус мебудӣ, ҳеҷ гоҳ аз зани поку ҳалолат рӯй тофта, ба назди як фоҳиша намерафтӣ! Гумон накун, ки оби дидаи моро дар бари рӯямон рехта, хушбахт мешавӣ. Худованд дер ё зуд ҷазоятро медиҳад. Андеша кун, ҳоло, ки ҷавонӣ, давру даврон карда мегардӣ, вале дар айёми пирӣ ҳолат чӣ мешавад?! Медонам, ки оқибат пушаймон шуда, билохира ба наздамон бармегардӣ, вале он вақт дер мешавад, Бобоҷон! Дили бачаҳо аллакай аз ту сард шудааст. Фардо дар айёми пирӣ мурдаат дар кӯча монад ҳам, фарзандонат сӯят нигоҳ намекунанд. Дили бечора кӯдаконамро шикастӣ. Падардори бе падар буданд умре бачаҳоям, на меҳрубониятро диданду на аз ту ҳарфи хуше шуниданд. Ту чӣ гуна падар ҳастӣ, ки ягон бор ба хабаргирии кӯдаконат намеоӣ?!

Баъд аз он ки аз айшу ишрат сер шуда, аз по афтидӣ, дигар ба суроғи мо набиё. Он вақт на ба ман даркориву на ба фарзандонат.

Бо занҳои дигар айшу ишрат карданатро мебахшидам, вале моро бесарпаноҳ партофтанатро бахшида наметавонам! Илоҳо, ба нохуни фарзанд зор шавӣ, номард.

Гулчеҳра, н. Шаҳритус

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД