sebiston july new
МУРДАФУРӮШ (ҚИСМИ 3)
07.01.2021
ОИЛА
4866

ИДОМААШ...

Ниҳоят моҳу рӯзи Латифа расид ва Худованд ба ӯ якбора дугоник-як духтару як писари заркокул ҳадя намуд. Зуҳрою Юсуф бо тавлидашон зиндагии ширини волидонро ширинтар намуданду ташвишашонро зиёдтар, акнун ба ёрии Латифа гоҳе янгаҳояш меомаданду гоҳи дигар хушдоману модараш.

Бо ёрии пайвандонаш тифлаконашро ду сола намуда Латифа боз ба кор баромад.

                             Фалокат

Зиндагии оилаи ҷавон рӯ ба беҷбудӣ меовард, Аҷмад донишгоҷро хатм намуда, дар ду баст кор мекард, то зиндагии хураммонаи зану фарзандонашро таъмин намояд. Латифаи нозанин аробаи зиндагиро ҷамроҷи шавҷар мекашид. Ҷавонзан орзуҷои зиёдеро дар дилаш мепарварид, вале беҷуда нагуфтаанд, ки ҷар чи Худо хост, ҷамон мешавад, як субҷи барвақти рӯзи якшанбе Латифа барои харид кардан ба бозори наздики хонаашон рафту ҷангоми баргаштан зери чархи мошин монд. Дар сари чамбарак писари бадмасти марди сарватманде менишаст ва Латифаи нимҷони ба хоку хун жулидаро рӯи роҳ гузошта, гурехта рафт.

 

Шоҳидони воқеа ҷавонзани ғарқи хунро ба беморхона бурданду ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ рақами мошинро гуфтанд.

 

Сиёҳпича

 

Ронандаи фирориро ду рӯз пас дастгир намуданд, вале Латифаи нозанин ақаллан ба худ наомада, ҷони ҷавонашро дар бемористон ба ҷонофарин супурду тифлакони нозпарвардашро ятим ва рӯзи шавҳару пайвандонашро сиёҳ гардонд. Шӯри маҳшаре барпо шуд он рӯзи наҳс, тамоми шиносу бегона ба марги ҷавонзани аз дунё чизе надидаи сиёҳпича мегиристанд. Нолаҳои зори модар дили сангро об мекард. Аҳмад тифлакони аз сарнавишти талхашон бехабарро ба оғӯш кашида, монанди абри баҳорӣ зор-зор мегирист ва гаштаю баргашта мегуфт, ки агар қотили ҳамсарашро ёбад, пора-пора мекунад, аммо…

 

Қотил бояд ҷазо гирад

 

Падари ронандаи қотил назди пайвандони марҳума омада, узр пурсид ва гуфт, ки омода аст тамоми маъракаҳои мотамиро гузаронад, вале акаҳои бонангу баномуси Латифа ёрии ӯро рад карда, қотеона гуфтанд, ки мурдаи хоҳарашонро бо пул намефурӯшанд, ҷинояткор бояд ҳатман ҷазо гирад. Бойбобо аз ёфтани дили хешони марҳум навмед гашта, сархам баромада рафт.

 

Хона холӣ, ҷогаҳ холӣ…

 

Пас аз ба хок супурдани ҷасади Латифаи ҷавонмарг хешовандонаш тифлакони аз модар ятиммондаро гирифта ба зодгоҳашон рафтанд ва қарор доданд, ки тамоми маросимҳои мотамиро дар деҳа мегузаронанд. Аҳмад барои ҳал намудани қазияи хунрези ҳамсараш дар шаҳр монд. Хонаи холӣ ба назари мард мисли гӯр метофту шабҳои дароз ба ёди ҳамсари соҳибҷамоли кокулдарозаш ашк мерехт. Фалокати ба сараш омадаро ҳеҷ таҳаммул карда наметавонист ва гаштаю баргашта бар падари ронандаи маст лаънат хонда, қасам болои қасам мехӯрд, ки агар он аблаҳ ба дасташ афтад, пора-порааш мекунад, аммо…

 

                           Мурдафурӯш

 

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ронандаи бадмаст ҷазои сазовор доданӣ буданд, вале падари сарватмандаш барои ҳалли ин қазия худро ба сад дар мезад. Ин марди пулмаст чандин маротиба назди Аҳмад омада таклифи нангине кард:

 

-Додарҷон, насибаи занат ҳамин қадар будааст. Тақдирашро тақдирнавис аз азал чунин навишта будааст, ки зери чархи мошин монда мемурад. Писари ман намезад ҳам, зери чархи мошини ягон каси дигар монда мемурд, чунки аз тақдир ҷойи гурез нест. Бо ҳабс кардани писари ман зани ту дубора зинда шуда бар намегардад, барои ҳамин биё хунро бо хун нашӯем. Ман ба ту пули калон медиҳам, ҳам зани ҷавон мегирию ҳам мошин. Магар аз ҷанҷолу кашмакаши бепоёни судӣ ин хубтар нест? Биё, не нагӯй додар, ҳам ҷони худату ҳам ҷони маро аз ҳамин судбозиҳо халос куну мон!

 

Аҳмад чанд маротиба ин пешниҳодро рад кард, вале бойбобо ноумед нашуда гаштаю баргашта меомад. Ниҳоят тираш ба ҳадаф расид ва оқибат Аҳмад розӣ шуда пурсид, ки бояд чӣ кор кунад.

 

-Ҳозир якҷоя ба милисахона меравем. Баёнот медиҳӣ, ки занат касалии рӯҳӣ дошт ва вақтҳои охир авзоаш беҷо буду мудом дар бораи худкушӣ гап мезад. Аз даъвоят мегузарӣ, ана баъд ман бо ту ҳисобӣ мекунам,-бешармона нақшаашро фаҳмонд падари ронандаи қотил.

 

Таъсири садамаи рӯҳии вазнин буд ё ҳирси молпарастӣ, ки Аҳмад хотираи поки Латифаи меҳрубону вафодорашро ба пулу мол фурӯхта зани ҷавонмаргашро девона ҳукм намуд ва аз даъвояш гузашт. Бародарони Латифа ин хабарро шунида гиребони ҳайрат доштанд ва барои аниқ кардани асли гап ба шаҳр ба назди язнаашон омаданд. Аҳмад онҳоро ҳам бовар кунонд, ки вақтҳои охир Латифа девонанамо шуда буд ва ҳамеша дар бораи худкушӣ гап мезад. Бародарони марҳум китф дарҳам кашиданд ва ҳаволаи бадро ба худо супурда рафтанд.

ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД