Мӯйро чанд бор бояд ранг кард?
22.11.2025
Oila.tj
69

Имрӯз зан ё духтареро ёфтан душвор аст, ки мӯйи худро ранг накунад. Ҳатто бонувони калонсол барои ранг кардани сафедиҳои мӯяшон аз рангҳои кимиёвӣ ва ҳино истифода мебаранд. Аммо бояд дар назар дошт, ки чунин рангҳо қабати берунаи мӯйро мекушоянд, то пигмент ба он ворид шавад. Агар ин раванд зуд-зуд такрор ёбад, қабати берунаи мӯй имкони барқароршавиро намеёбад ва мӯй намнокӣ, тобиш ва қувваи худро аз даст медиҳад. Дар натиҷа мӯй хушк, зудшикананда ва беҷило мешавад, нӯгҳояш мешикананд ва ранг зудтар шуста мешавад ё яксон намегирад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ба мӯй вақт барои барқароршавӣ дода шавад.

Қоидаҳои истифодаи ранг барои мӯй:

• Агар мӯй солим бошад, рангкунии доимӣ ҳар 4–6 ҳафта иҷозат дода мешавад (асосан барои ранг кардани решаҳо).

• Агар мӯй тунук, осебдида ё заиф бошад, беҳтар аст фосиларо то 6–8 ҳафта дароз кард.

Тоник ва мусс: нигоҳубини мулоим

Ин воситаҳо барои тобиши нав ё каме тағйир ёфтани ранги мӯй мувофиқанд. Пигмент танҳо дар қабати болоии мӯй мемонад ва ба дохилаш ворид намешавад, бинобар ин пас аз 2–3 ҳафта пурра шуста мешавад. Тоник ва муссҳо сохтори мӯйро вайрон намекунанд, вале истифодаи аз ҳад зиёд метавонад хушкӣ биёрад. Беҳтарин фосила, 1 то 4 ҳафта вобаста ба эҳтиёҷ аст.

Рангҳои табиӣ (ҳино, басма)

Ин рангҳо аз гиёҳҳои табиӣ омода шудаанд ва пигменташон тадриҷан дар қабати болоии мӯй ҷамъ мешавад. Ҳинна ва басма мӯйро мустаҳкам мекунанд, вале дар сурати истифодаи зуд-зуд метавонанд онро хушк ё беҷило кунанд. Беҳтарин фосилаи истифода, на бештар аз як бор дар 2 моҳ аст.

Ранг кардани мӯй ҳангоми ҳомилагӣ

Бисёре аз занон мепурсанд, ки оё ранг кардани мӯй дар давраи ҳомиладорӣ хатарнок аст. Ба гуфтаи трихолог ва нутрисиологи рус Виктория Толстоноcова, то имрӯз далелҳои илмӣ вуҷуд надоранд, ки компонентҳои химиявии ранг тавассути пӯст ба организми кӯдак таъсири манфӣ мерасонанд. Аммо кафолати пурраи бехатарӣ низ вуҷуд надорад.

Аз рӯи тавсияи табибон, беҳтар аст дар се моҳи аввал (триместри аввал), ки давраи ташаккулёбии ҷисми кӯдак аст, аз ранг кардани мӯйи сар худдорӣ намоед. Дар сурате, ки агар шумо мӯятонро ранг кардан хоҳед, ин қоидаҳоро риоя кунед:

• Дар ҳуҷраи хуб шамолдор ранг кунед, то аз нафаскашии бухорҳои химиявӣ пешгирӣ шавад.

• Агар токсикоз дошта бошед, эҳтиёт бошед, бӯйҳои сахт метавонанд вазъро бадтар кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД