Arzon march 2024
Набераамро аз панҷаи сил раҳо карданд
607

 

Ба хотири шифо ёфтани набераам дари беморхонаҳоро куфтам, аз садҳо нафар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ кӯмаки моддӣ талаб кардам, даҳҳо духтуру парасторро илтиҷо кардам, ки боре назди набераи беҳушу хаёлам дарояму як бор аз бистари бемориаш бардошта, ба қафаси синаам зераш кунам, то дардашро ман пушти сар кунаму ӯ роҳат бихобад.

Ин садои дили бибии ҷавонест, ки набераашро дар ҳолати хеле вазнин ба бемористон оварда буд. Ӯ мегӯяд, ки набераам боре сулфа надошт. Нишонаҳое, ки хоси бемории сил аст, дида намешуд. Вақте баъди гузаштани муоина аз табибон дар бораи бемории набераам пурсидам, гуфтанд, ки ин беморӣ муддати чор моҳ аст, ки дар вуҷудаш давр мезанад, вале намуди пӯшида аст.

Ҳамагӣ ду рӯз қай карду...

Худам дар як ташкилот кор мекунаму ҳар шаб аз ҳоли набераҳоям бо хабар шуда баъд мехобам. Давоми як ҳафта гоҳе шикамаш мерафту гоҳе ҳарорати баданаш баланд мешуд, вале ду рӯзи охири қайкунии пай дар пай ва соати 3-и шаб ҳарораташ хеле баланд шуду ҳолаташ вазнин гашт. Фикр кардам, ки ба набераам сӯзандоруву дармон карда, ҷавобамон медиҳанд. Аммо бо сабаби ҳарорати баланд доштани кӯдакро маҳлул таъин накарданд.

Ҳолаташ вазнин шудан гирифт ва гуфтанд, ки марҳилаи варамкунии мағзи сар оғоз шудааст, бадан кабуд шуд, кори гурдаҳо хеле суст шуд, дил қариби аз кор мондан буд, зеро дар шушҳояш миқдори зиёди об ҷамъ шуда буд....

Баъди обҳоро аз шушҳояш гирифтанд, ба озмоишгоҳ бурдам, бегоҳии ҳамон рӯз гуфтанд, ки набераат бемории сили навъи пӯшида дорад...

Аз духтурон бахшиш пурсидам

Ман табиб нестам, вале ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки барқарор шудани саломатӣ вақтро талаб мекунад. Вақте набераам дар рӯи дастонам мехобид ба духтурон дурушт гап задам, чунки айнан бо чунин ҳолат ман се фарзандамро дар хурдиашон аз даст додаам ва ягона тарси ман ҳамин буд, ки ӯро ҳам аз даст надиҳам.

Агар ёрдами мардум намешуд, набераамро аз даст медодам

Касе бемордориро аз сар гузаронидааст, мушкилии маро хубтар дарк мекунад. Ман тамоми кушишу талоши худро сарф кардам. Шабу рӯз пушти тирезаи шуъбаи эҳёгарӣ рост меистодам. Ҳарчанд духтурон мегуфтанд, ки ин кори ман хилофи қоидаҳои беморхонагӣ аст, аммо дилам ором намешуд. Дигар надонистам, ки барои хароҷоти ҳаррӯзаам аз куҷо маблағ пайдо кунам. Чунки доруҳо хеле қиммат буданд, чанд бор хуну зардобаи хун гузаронидан лозим буд. Бо дастгирии мардуми тоҷик, ки дар гӯшаю канори Тоҷикистон ва берун аз он зиндагӣ мекунанду кӯмаки худро дареғ надоштанд, набераам аз дами марг наҷот ёфт. Дар чунин рӯзҳо инсон мефаҳмад, ки чӣ қадар мо мардуми дилсӯз ва ғамшарик ҳастем, ки дар ҳама ҳолат дасти ҳамдигариро мегирему кумак менамоям.

Воқеан ҳам дардро кӯдак мебардоштааст

Набераам ҳанӯз 10 моҳ дошт, ки бо бемории сил дастбагиребон  шуд. Ӯ дар синни хеле хурдсолӣ бемории сахтро пушти сар кард. Дар давоми бемории набераам, худамро аз даст додам, чандин бор пойҳоям камқувват шудаву доруҳои карахткунанда медоданд, то ки дардам таскин ёбад. Шукри Худованди бузург ки набераам аз дами марг баргашт, шукри мардуми тоҷик, шукри мардуми хайркунанда, шукри духтурону ҳамшираҳои тиб, ки барои зинда мондани мағзи донаам саҳм гузоштанд.

Намехоҳам душмани душмани душманам чунин рӯзро бубинад.

Хеле сахт буд, вале натиҷаи азияту азобам мусбат шуд. Хеле ширин аст, вақте имрӯзҳо набераам бо ханда нигоҳам мекунад, Хеле сангин аст, ки дасти кумак ба дигарон дароз мекунӣ, вале хеле фараҳбахш аст, ки вақте аз он тараф ҷавоби мусбат мегирӣ. Рӯзҳое, ки аз сар гузаронидам, бар душмани душмани душманам орзу намекунам.

БЦЖ хавфи гирифторшави ба бемориро кам мекунад

Тибқи барномаи милли эмгузаронӣ, кӯдакон баъд аз таваллуд дар 3 то 5 рӯзагӣ ваксинаи зиддисилӣ мегузаронанд. Аксри волидон бар ин назаранд, ки гирифтани ваксина ба кӯдак таъсири мусбат намедиҳад, зеро онҳо дар бисёр маврид ҳамон бемориҳоеро паси сар мекунанд, ки ваксинаашонро дар кӯдакӣ гирифтаанд.

Умринисо Сироҷиддинова доктори илмҳои тиб, профессори кафедраи фтизео -пулмонологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, вобаста ба ин масъала чунин гуфт:

-Гузаронидани ваксинаи БЦЖ-яке аз роҳҳои пешгирии бемории сил буда, то 99 фисади навзодонро ваксина мегузаронанд. Эмгузаронӣ хавфи гирифтор шудани кӯдакро ба бемории сил хеле кам мекунад. Дар сурати гирифтор шудан кӯдаконе, ки ин ваксинаро гирифтааст, бемориро нисбатан осонтар пушти сар менамояд. Гузаронидани ваксинаи зидди сил натанҳо бемории сил, балки кӯдакро аз дигар бемориҳои ниҳоят вазнину хавфнок эмин медорад. 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД