arzon replenishment
Набераи Президент дар мусобиқаи бузкашӣ
06.02.2023
Mahina
781


Набераи Пешвои миллат, президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон -Исмоили Муҳаммадзоирро ҳамагон чун соҳибкори хайрхоҳ ва накӯкор мешиносанд.

Исмоил дар баробари дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ҳамчунин ҳамеша аз варзишгарон пуштибонӣ карда, мусобиқаҳои варзишӣ, хоса асптозию бузкаширо хеле дӯст медорад. Рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе давр мезанад, ки дар он Исмоили Муҳаммадзоир дар як мусобиқаи бузкашӣ дида мешавад.

"Навор ҳамагӣ 11 сония буда, Исмоил савори аспи мушкини сиёҳ аст. Асп аз қадимулайём барои мардуми Шарқ хеле арзишманд буда, доштани аспи хуб барои ҳар марди асил мояи ифтихор ба шумор мерафт".

Хонаводаи Президент низ ба ин ҷавонвар, ки дӯсти вафодор мебошад, муҳаббати хоса доранд ва мегӯянд раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ аспҳоро хеле дӯст медорад.

Ёдрас мешавем, ки Исмоил набераи калонии Президент-писари Фирӯза Раҳмонова ва Муҳаммадзоир Соҳибов буда, Президенти Федератсияи гуштини дзюдои Тоҷикистон интихоб шудааст, ҳамзамон фаъолияти ширкати тиҷоратии “IM Group” ва толори варзишии “Ҳоҷӣ Шариф”-ро чархонида, бо амалҳои накӯкоронааш ном баровардааст. Ӯ ҳамеша варзишгарон ва ҳунармандонро дастгирӣ намуда, ба ин васила дар пешрафти варзиши миллӣ ва санъати тоҷик саҳм мегузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД