arzon replenishment
Наҷиб-сардор наберадор шуд
4946

 

Гёкче Акйилдиз 30-юми октябри соли 1992 дар шаҳри Синопи Туркия ба дунё омадааст.

Падараш Комил Акйилдиз марди сарватманд буда, чанд ширкати либосбарорӣ дорад. Вақте Гёкче ба дунё омад, падараш аз хурсандӣ як ҳафта ба аҳли маҳала тӯй дод. Дар сесолагиаш оилаи онҳо ба шаҳри Истамбул кӯч баст. Гёчкеи моҳрӯ мактабро дар пойтахт бомувафақият хатм намуда, ба факултаи “Театр ва кино”-и Донишкадаи санъат ва меъморӣ дохил шуд.

Ҳанӯз замони донишҷӯӣ харидорони ин паричеҳра аз мӯйи сараш ҳам бештар буданд ва мудом чун соя аз пасаш мегаштанд, аммо Гёкчеи фариштахисол ба сӯхтану гудохтанҳои ин Маҷнунҳои навбаромада тамоман аҳамият намедод. Ӯ танҳо дар фикри азхуд намудани нозукиҳои ҳунар ва расидан ба қуллаҳои баланди санъат буд.

Зинаҳои ҳунар

Соли 2001 Гёкче нақши Гулшанро дар филми «Siyasi Parti Reklamа» бозид. Соли 2002 ӯро ба филми «Bir Tutam Baharat» даъват намуданд. Соли 2003 дар сериали “Büyümüş de Küçülmüş» нақши Гайнал ва соли 2005 нақши Зайнабро дар филми «Зайнаб» офарид. Ин актриссаи ҷавонро соли 2007 ба филмҳои «Parmaklıklar Ardında» ва «Ezo Gelin» даъват намуданд. Соли 2008 дар «Gazi» ва соли 2011 дар “Роҳи бад” нақшҳои ҷолиб офарида бошад ҳам, шӯҳрати ҳақиқиро ба Гёкче нақши духтари Наҷиб-сардор аз сериали “Ҳомиён” овард...


Аз марги духтарчааш ҳанӯз як моҳ нагузашта, ӯ маҷбур шуд, ки ба кор барояд, зеро дигар касе набуд, ки ба онҳо дасти мадад дароз намояд...

 


“Ҳомиён”-калиди шӯҳрат

Вақте ки сенарияи сериали “Ҳомиён” омада шуд, барои интихоби ҳунармандон ба ин филм кастинг эълон намуданд. Гёкче низ худро дар он номнавис кард ва аз байни садҳо духтарони ҳунарманд қурраи бахт маҳз ба номи ин зебосанам афтид. Дар ин филм нақши Нурбону, духтари Наҷиб-Сардорро бозида, Гёкче натанҳо дар Туркия, балки дар тамоми олам машҳур гашт.

Духтари зудбовар

Пас аз сериали “Ҳомиён” Гёкчеро ба “Ду симои истамбул” даъват намуданд. Дар ин филм ӯ нақши Аслияро чунон риққатовар бозидааст, ки бе оби дида ягон серияи филмро тамошо карда намешавад. Аз содагию зудбоварии Аслия истифода бурда, ба номусаш дастдарозӣ мекунанд. Пас аз ин ҳодисаи нангин наздиконаш аз духтарак рӯй метобанд, ягона шахсе, ки ӯро дастгирӣ мекунад, буродааш аст. Маҳз ӯ аз болои ҷавоне, ки ба номуси Аслия дастдарозӣ кардааст, шикоят менамояд. Аз тарси додгоҳ ҷавон Аслияро ба занӣ мегирад, аммо бахти маҷбурӣ ба ҷойми шаҳд ба ҷоми умри Аслия заҳр мерезад. Хушдоманаш ба келини ба қавли худаш “шарманда” ҳеҷ рӯйи хуш надода, рӯзи Аслияро сиёҳ месозад...

Натанҳо Аслия, балки аксари қаҳрамонҳои офаридаи Гёкче духтарҳои содаву зудбовар ҳастанд. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки актриса дар зиндагӣ низ мисли қаҳрамонҳояш сдадил ва зудбовар аст, вале дар асл чунин нест.

Арӯсии Гёкче

Ҳазорон-ҳазор ҷавонони паҳлавон бо ҷону дил ошиқи зори Гекче гашта, тайёр буданд, ки тамоми дороияшонро дар пеши пойҳои ин зебосанам бирезанд, аммо танҳо Абр тавонист дили ин паричеҳраи машҳурро ба даст орад. Тӯйи арӯсиву домодии ин ҷуфти зебо дар яке аз давлатҳои пешрафтаи олам бо шукӯҳу шаҳомати зиёд барпо гашт. Имрӯз духтари Наҷиб-сардор аз бахти худ меболад, зеро аллакай соҳиби фарзанд гаштаасту ҳамоно ҳар рӯзи ҳаёташ мисли моҳи асал, асал барин ширин мегузарад...

Омодасоз: Рустам Азимӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД