Соҳибкорони вилояти Суғд беш аз 1000 тонна меваҳои хушк ва тари лазизи ватаниро ба Қазоқистон мебаранд. Ин меваҳо дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд.
Рӯзҳои 16-17-уми август дар шаҳри Остонаи Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гашта, соҳибкорони вилояти Суғд дар ин намоишгоҳ анвои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла зардолуи тару хушк, чормағз ва дигар навъҳои меваю сабзавоти Тоҷикистонро ба намоиш мегузоранд. Дар маҷмуъ ба намоишгоҳ беш аз 1000 тонна меваю сабзавот бурда мешавад. Дар намоишгоҳ ҳамчунин ҳунарҳои дастии мардуми тоҷик ва таомҳои миллии тоҷикӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Мақсад аз ин чорабинӣ дастгирии соҳибкорони ватанӣ, рушди тиҷорати берунӣ ва муаррифии молу маҳсулоти Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мебошад.