arzon replenishment
Намоиши дастархонҳои камхарҷ дар Суғд
272

Бо мақсади эҳёи таомҳои миллӣ моҳи июл дар вилояти Суғд «Озмуни дастархонороӣ» гузаронида мешавад. Дар ин хусус хадамоти матбуоти Раиси вилоят хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, даври вилоятии озмун ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳёи таомҳои миллӣ, фарҳанги рузгордорӣ, бо сифати баланд ва харҷи кам оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо гузаронида хоҳад шуд.

Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ҳамчун аркони муҳими фарҳанги иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Вале тайи солҳои қаблӣ аз ҳад зиёд сермасраф гардидани ҷашну маъракаҳо ва анъанаҳои мардумӣ бори гарон ба сари мардуми Тоҷикистон овард.

Ба зикри коршиносон, тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқ дар гузаронидани тӯйу маъракаҳо боиси хароҷот ва исрофкориҳои аз ҳад зиёд шуда, маросимҳои дафну азодориро ба бори гарони зиндагӣ табдил доданд. Таҳлилҳо кишвари моро ба қабули қонуни махсус роҷеъ ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо водор намуда, зарурати ташкили раёсати махсусеро ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ин самт пеш овард.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии мардуми кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 қабул гардида, тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид гардиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД