formula55
Наҷоти кӯдаки 6-сола аз садамаи пурқурбонӣ
543

 

- Дар як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Айнӣ 5 нафар ба ҳалокат расиданд,- хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон.

Ҳодиса баъд аз нисфирӯзии рӯзи 28-уми март дар километри 148,3-уми шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, ки аз ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд мегузарад, рух додааст.

Мошине, ки ронандааш сокини 33-солаи Душанбе будааст, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба самти пойтахт ба камарбанди поёни роҳ бархӯрдааст.

Дар пайи ин садама худи ронанда ва чор мусофираш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, танҳо як мусофир, сокини 6-солаи ноҳияи Ёвон зинда монда, вале захмӣ шудааст.

Наҷотдиҳандагон ҷасадҳои ронанда ва мусофиронро аз мошин берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоридаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД