35 years of independency
Нархи нафт аз 100 доллар гузашт
10.09.2026
Oila.tj
88

Нархи нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ рӯзи 9-уми сентябр якбора боло рафта, қимати нафти навъи Brent аз марзи 100 доллар барои як баррел гузашт.

Тибқи маълумоти бозор, Brent дар охири рӯзи савдо ба 101,21 доллар ва нафти амрикоии WTI ба 96,05 доллар барои як баррел расид.

Коршиносон афзоиши нархро ба шиддат гирифтани танишҳо дар Ховари Миёна ва нигарониҳо аз коҳиши интиқоли нафт тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз рабт медиҳанд. Ин масир яке аз роҳҳои муҳими интиқоли нафту газ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Дар ҳамин ҳол, болоравии нархи нафт метавонад ба қимати сӯзишворӣ ва дигар маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ таъсир расонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД