Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар аз аввали маъракаи даъват 89,1% иҷро шудааст.
Вазорат 22-юми апрел хабар дод, ки то кунун Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, вилояти Суғд 78,5% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 76,7%-и нақшаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбиро иҷро кардаанд.
Мавсими баҳории даъват ба хидмат дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел оғоз шуда, то 31-уми май идома меёбад. Дар асоси фармони Президенти Тоҷикистон, ин мавсим ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999-2008) ба Артиш даъват мешаванд.