Arzon march 2024
Насиҳати модари тоҷик ба муҳоҷирон
02.04.2024
ОИЛА.ТҶ
830

 

Салом! Ман, як зан-модари тоҷик ҳастам ва мехоҳам муҳоҷирони тоҷикро модарона насиҳат кунам.

Мо як оилаи камбағал ҳастем ва фарзандони ман ҳам қатори дигар бачаҳои тоҷик ҳар сол ба Русия мардикорӣ мераванд, то ки ризқу рӯзии зану фарзандонашонро ёбанд. Чандин сол шуд, ки зиндагиамон бо пуле, ки онҳо дар Россия кор мекунанд, пеш мерафт, вале баъди ҳодисаи хунине, ки дар рӯзҳои наврӯз рӯй дод, бачаҳоям бекор монда, маҷбур шуданд, ки ба хона баргарданд. Як писарам дар он ҷо таксист шуда кор мекард, мегӯяд, ки баъди куштори бераҳмонаи одамони бегуноҳ аз ҷониби чанд қотил русҳо чунон аз тоҷикон тарсон шуданд, ки ронанда тоҷик бошад, дигар ба мошинаш намешиштаанд. Писари дигарамро сардораш “акнун санҷиш сахт мешавад ва аз рӯйи ту мо гап мешунавем” гӯён, аз кор ҷавоб додааст. Писари сеюмам аз тарси он ки мабодо русҳо қассосгириро сар накунанд, корашро партофта омад. Акнун зану фарзандонашон чӣ мехӯранду чӣ мепӯшанд, намедонам.

Ман ҳамчун модар ба тамоми муҳоҷирони тоҷик гуфтаниям, ки дар мулки бегона қадаматонро дониста монед, то ки аз рӯйи як тоҷик шуда, садҳо тоҷики дигар бекору овора нашавад. Солҳои зиёдест, ки садҳо ҳазор муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ризқу рӯзиашонро аз мулки рус меёбанд. Дар ин миён ҳазорҳо тоҷикон шаҳрвандии Россияро гирифтанд ва ин кишвар барои кӯдакони онҳо пули зиёде медиҳад. Муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Россияро гирифтанд, зану фарзанд ва ҳатто падару модари пирашонро ба ин кишвар бурда, шаҳрванди Россия карданд ва акнун онҳо нафақаи калон мегиранд. Пас чаро дар ҷавоби ин қадар некӣ мо бояд ба онҳо бадӣ кунем?!

Мо тоҷикон як мақоли хуби халқӣ дорем, ки чунин аст: “Нонро ки хӯрдӣ, ба намакдон туф накун!” Барои мо, тоҷикон Русия намакдон аст. Пас биёед баъди хӯрдани нон ба намакдон туф накунем!

ЗИЁДАМОҲ, аз н. Рӯдакӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД