formula55
Наҳтсарои маъруф даргузашт
638

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Комилҷон Ғаниев субҳи 10 январи соли 2023 дар синни 73 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора Парвиз Пулодӣ, овозхон ва ҳунарпешаи шинохтаи зодаи Ҳисор, хабар дод.

Парвиз Пӯлодӣ дар бораи иллати марги Комилҷон Ғаниев чизе нагуфт ва хабар дод, ки маросими видоъ ва намози ҷанозаи марҳум рӯзи 10 январ, соати 15:00 дар зодгоҳаш, деҳаи Тахти ҷамоати Хонақоҳи кӯҳии Ҳисор баргузор мешавад.

Комилҷон Ғаниев, ки бо хондани таронаҳои мардумӣ ва классикӣ ном бароварда буд, ҳамагӣ 11 рӯз қабл аз зодрӯзи 73-юмаш даргузашт. Мухлисонаш аз ӯ ҳамчун як инсони хоксору самимӣ ва маҳфилоро ёд мекунанд ва мегӯянд, Комилҷон Ғаниев дар солҳои охир дар хондани таронаҳои мазҳабӣ, аз ҷумла наът низ хеле забардаст шуда буд.

Ғаниев 21 январи 1950 дар деҳаи Тахти ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, соли 1967 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленинро хатм кардааст. Пас аз хатми омӯзишгоҳ тамоми умр дар қасри фарҳанг ва филармонияи Ҳисор кор кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД